Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

УБАЙДУЛЛОЕВ:"ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ ДОГМА НЕСТ"



Абдуқайюми Қаюймзод



Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар робита ба тарҳи нави Қонуни интихоботи Тоҷикистон эълом дошт, ки ҳеҷ қонун догма нест ва вобаста ба шароиту вазъият имкон дорад, тағйир ёбад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев рузи панҷшанбе, 18 декабр зимни суханронӣ дар ҷаласаи ниҳоӣ ва ҷамъбастии маҳфили мубоҳисавӣ, ки тайи ду соли ахир бо ибтикори Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милалли Муттаҳид дар Душанбе баргузор мегардид афзуд: "Танҳо ривоҷу равнақ бахшидан ба протсеси демократикунонӣ, ки плюрализм як қисми ҷудонашавандаи ин протсес аст, мо метавонем, ки иштироки оммаи васеъи ҷомеаро иштироки тамоми қишрҳои ҷомеаро, тамоми намояндагони аҳзоби сиёсиро, тамоми созмонҳои ғайридавлатиро барои идоракунии мамлакат, ҷомеа сафарбар намоем. Агар гап дар бораи қонун раванд, аз нигоҳи мо ягон қонун догма нест, лекин ҳар чизе ки дар ҷомеаи мо мешавад, бояд дар рамкаи қонун тавлид шавад."

Ва аммо ба назари коршиносон аз чунин посухи норушани Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ки мақоми дуввум дар давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, наметавон ҳеҷ гуна вокунишеро дар мавриди сарнавишти тарҳи қонуни интихобот мушоҳида кард.

Тарҳи нави қонуни интихобот, ки тавассути як комиссияи муштараки мураккаб аз намояндагони Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Намояндагон ва аҳзоби сиёсии кишвар омода ва барои баррасӣ ба ҳукумат ва ҳарду палатаи парлумони кишвар пешниҳод шудааст, то ҳоли ҳозир дар ҳоли сукут ва номуайянӣ қарор дорад.

Муалифони тарҳи қонуни мазкур гуфтанд, ба воситаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тарҳи мазкур дар дастрасии ҳукумат ва ҳар дупалатаи парлумони кишвар гузошта шудааст, аммо бо далоили номаълум ҳам ҳукумат ва ҳам палатаҳои парламент аз баррасии он парҳез мекунанд. Дар ин миён Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва департаменти давлатии Амрико аз мақомоти Тоҷикистон хостори баррасии ҳарчӣ зудтари тарҳи қонуни мазкур шудаанд.

XS
SM
MD
LG