Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИГОР САТТОРОВ:"НОВАЯ ГАЗЕТА ДУРУҒ МЕГУЯД"



Раҳматкарими Давлат



Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як нота ба сафорати Русия дар Тоҷикистон, аз нашри як маводи интиқодӣ ба унвони мақомоти Тоҷикистон дар матбуоти Русия эътироз кард.

Игор Сатторов - сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон - дар ин бора гуфт: "Чанд вақт ба инҷониб як қатор расонаҳои хабарии Русия алайҳи ҷумҳурии Тоҷикистон як маъракаи иттилоотиро ба роҳ андохтаанд."

Баъд ҳам дар ин номаи эътирозӣ аз як мақолаи "Новая Газета" мисол оварда шудааст, ки ба гуфтаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар руҳияи зидди тоҷикӣ навишта шудааст. Игор Сатторов: "Дар ин робита бояд махсус силсилаи мақолаҳои зидди тоҷикии хабарнигори "Новая Газета" Марат Хайруллинро таҳти унвони "Дар қаъри деги ҷушони Осиё саёҳат дар Тоҷикистон" қайд кард. Руҳия ва лаҳни ин мақолаҳо ҷойи шубҳаро боқӣ намегузорад, ки ин мавод супоришӣ ҳастанд ва муаллиф дар бораи воқеъияти Тоҷикистон тассавуроти оддитаринро надорад ва ба дуруғпароканӣ даст зада аст."

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ҷониби Тоҷикистон муътақид аст, ки бархе аз гуруҳҳо дар нашри ин гуна мавод дар матбуот Русия манфиатдор ҳастанд. Гуруҳҳое, ки мехоҳанд дар муносиботи ду ҷониб ихлол ворид шавад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомоти Русия дар тағйири ҷиҳатгирии матбуоти ин кишвар ба суи хайрхоҳӣ нисбати Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Хабарнигори "Новая Газета" дар ин мақолаи худ дар шумораҳои 10 ва 15 декабри рузнома аз қавли бархе мусоҳибонаш дар Тоҷикистон навишта буд, дар шароити буҳронии Тоҷикистон наздикони Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳур ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба савдои дороии муҳимтарини Тоҷикистон - пахта - машғул ҳастанд.

Дар ин мақола омадааст, домоди Эмомалӣ Раҳмонов раиси биржа ва масъули нархгузории пахтаи содиршаванда мебошад. Ин хабарнигор ҳамчунин навиштааст, 7 соли пеш замоне, ки нируҳои мусаллаҳи мухолифин то 7 километрии қасри раёсати ҷумҳурӣ пешравӣ карданд, маҷбур ба имзои созишномаи сулҳ шуд. Қарор буд, интихоботи озод баргузор шавад, вале Раҳмонов аввал муҳлати ваколаташро ҳафт сол ва акнун боз ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид карда ва мехоҳад, барои бори дигар раиси ҷумҳур интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG