Пайвандҳои дастрасӣ

ИҚТИСОД ДАР 11 МОҲ 10 ДАРСАД РУШД КАРДААСТ



Мирзои Салимпур



Бино ба маълумоти аз кумитаи омори Тоҷикистон дарёфткардаи хабаргузории "Интерфакс", маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 11 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 дарсад рушд карда, ба 4 миллиарду 201 милён сомонӣ баробар шудааст, ки муодили тақрибан 1,4 миллиард доллари амрикоист.

Маҷмуъи маҳсулоти саноатии кишвар дар ин муддат беш аз 9 фоиз афзуда, 2,8 миллиард сомонӣ ё тақрибан 1 миллиард долларро ташкил додааст.

Тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи мардум тайи моҳҳои январ-ноябри соли 2003 13,5 дарсад ва маҷмуъи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамин давра 9,4 дарсад рушд кардаанд.

XS
SM
MD
LG