Пайвандҳои дастрасӣ

МУРОФИАИ МУЛЛО ҚОСИМРО ШУРУЪ КАРДААНД



Раҳматкарими Давлат



Дар додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ нисбати як гуруҳ аз шаҳрвандонро, ки ба таҷовуз, алоқаи маҳрамона бо ноболиғон ва суъиистифода аз вазифаи хидматӣ муттаҳам дониста мешаванд, аз сар гирифта шуд.

Ин мурофиаи додгоҳӣ пештар оғоз, вале бо далоили мухталиф то имруз ба таъхир афтода буд. Аз ҷумлаи айбдоршавандагон аксари онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милиса мебошанд.

Мурофиаи мазкур ба таври пушида ҷараён дорад, ва ширкати хабарнигорон ва афроди дигар дар он мамнуъ аст, аммо Алпомиш Акбаров, раиси мурофиа мегуяд: "Аз судшавандаҳо 5 нафар шаҳрванди оддӣ ва 7 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқанд. Онҳо аз ҷониби мақоомти тафтишоти пешакӣ барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, суъиистифода аз мансаб, таҷовуз ба номуси хурдсолон ва ноболиғон, кирдори бадахлоқона ва содир намудани соъири ҷиноятҳои қасдона айбдор дониста шудаанд. Аз ҷумла дар байни судшавандагон дар курсии додгоҳ узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Қосим Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Қосим нишастааст. Ин ашхос барои таҷовуз ба номуси духтарони 13, 14, 15 ва 16-сола аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор дониста шудааст."

Аммо оқои Акбаров аз ифшои номи ашхоси дигари марбут ба ин парванда ва ҳамчунин ҷузъиёти бештари он худдорӣ кард. Вале номи Қосим Раҳимов дар иртибот ба ин парванда қаблан аз ҷониби додситонӣ низ эълон шуда буд. Қосим Раҳимов аз аъзои собиқадори ҲНИТ дар моҳи июли соли равон аз ҷониби додситонии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ боздошт шуда буд.

Аммо ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин робита муҳокима мешаванд, аслан нозирони минтақавии милиса, муфаттишон ва як нафар муовини собиқи сардори шуъбаи милисаи яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ мебошад.

Тибқи тафтишоти пешакӣ, ҳамаи ҷиноёти анҷомшуда дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ба гуфтаи раиси мурофиа, ин гуруҳи ташкилшудаи маҳз ҷиноӣ нест ва ҷиноёти ин афрод ба таври муташаккил сурат нагирифтааст, вале парванждаи онҳо ба далели робитаи ин афрод ва ҷиноёти содирнамудаи онҳо бо якдигар дар якҷоягӣ баррасӣ мешавад.

Тибқи маълумоти додгоҳ, аксари касоне, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, духтарони ноболиғи зери 14-сола мебошанд. Ба гуфтаи Алпомиш Акбаров, имкон дорад баррасии ин парванда то ду моҳ ба тул бианҷомад.

XS
SM
MD
LG