Пайвандҳои дастрасӣ

БАРНОМАИ ҚАРЗҲОИ ХОРИҶӢ ҚАБУЛ ШУД



Раҳматкарими Давлат



Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рузи чаҳоршанбеи худ лоиҳаи барномаи қарзҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2003 ва 2004 тасдиқ кард.

Бар асоси ин барнома, ҳукумати Тоҷикистон иҷоза хоҳад дошт то аз воситаҳои хориҷи дар ҳаҷми то 78 милён доллар истифода кунад. Яъне ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда метавонад ҳамин миқдор маблағ ба унвони қарзи давлатӣ ворид кунад. Миқдори қарзе, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2003 метавонист ворид кунад, 61 милён доллар муайян шуда буд.

Самтҳои истифодаи ин қарз низ тибқи ҳамин барнома муайян шуда ва аз ҷумла ин воситаҳо дар таъмири роҳи мошингарди Душанбе - Қурғонтеппа - Кулоб, сохтмони роҳи Дшуанбе - Кулоб - Қалъаи Хумб, дар соҳаи тандурустӣ, маориф, тарбияи кадрҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ва ғайра масраф мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба маълумотҳои мухталиф қарзи хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби созмонҳои молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ то кунун камокам 1 миллиарду 200 милён долларро ташкил медиҳад. Ва дар буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои хориҷӣ 20 милён доллар пешбинӣ шудааст.

Порлумони Тоҷикистон инчунин ба Қонуни ҳифзи сиҳҳатии омма низ тағйирот ворид кард. Ин тағйирот ба ислоҳоти воридшуда ба Қонуни Асосӣ вобаста мебошад, ки тибқи он тарзи хизматрасонии пулакӣ низ дар баробари хидмати тиббии ройгон иҷоза дода мешавад.

Дар иҷлосияи имрузи парлумон ҳамчунин сохтори Маҷлиси Намояндагон руйхати вазифаҳо ва феҳрасти хароҷоти маҷлис барои соли 2004-ро тасдиқ кард. Бар асоси сохтори тасдиқшуда, раиси Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин як муовини аввал хоҳад дошт ва ба ин вазифа Абдулмаҷид Достиев интихоб шуд.

Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин ваколати Абдулфатоҳ Шарипов, вакил аз ҳавзаи якмандатиро ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш пеш аз муҳлат қатъ ва уро аз вазифаи раиси кумитаи илму фарҳанги порлумон озод кард. Ёдовар мешавем, ки оқои Шарипов дар ин ҳафта ба мақоми раҳбарии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG