Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам...



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ҳамаи 23 чопхонаи мавҷуд дар вилояти Хатлон ба тармими ҷиддӣ ниёз доранд.



Ахиран шумораи навбатии "Рузи Нав" ба дасти хонандагони хатлонӣ ҳам расид ва ҳаводорони ҳафтавор аз моҷарои басташавии он аз шикояти сардабири рузнома унвонии нашриёти "Шарқи Озод" огоҳ шуданд.

Аммо коршиносони маҳаллӣ мегуянд, зери ҳукми як чопхона қарор гирифтани нашри матбуот дар кишвар амри тасодуф ва натоиҷи буҳронҳо нест, балки як амали тарҳрезишуда аст.

Ба унвони мисол, дар 24 ноҳияи вилояти Хатлон чопхонаи ба талаботи замон ҷавобгу вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят, тибқи иттиллоъи расмӣ, 23 чопхона расман фаъолият мекунад. Аз ин теъдод 21 матбаа ноҳиявӣ, як чопхона вилоятӣ ва 1 нашриёт хусусианд. Ва аммо ҳамаи ин матбааҳо ҳатто дар дастаҷамъӣ имкони нашри як газетаи 8 ё 16 - саҳифагиро надоранд. Зеро тули 12 соли истиқлолият чопхонаҳо таъмиру тармим надидаанд ва аз лиҳози имконоти фаннӣ ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгу нестанд.

Аслон Исломов, сардабири гоҳномаи "Анвори Дониш" - нашрияи Донишгоҳи Кулоб мегуяд, барои чопи 4 саҳифаи газета як ё ду ҳафтаро дар нашриёти маҳаллӣ мегузаронад.

Ҳукумати шаҳри Кулоб аз ситоди марказии ҷашнвораи 2 700-солагии Кулоб даъват ба амал овардааст, ки масъалаи тармими матбааи минтақавӣ ба феҳрасти иншооти ҷашнӣ шомил гардад. Аммо ситод ин пешниҳодро шадидан рад кард, чунки ҳукумат барои тармими нашриёт пул намедиҳад.

Дар ҳамин маврид, ба назар мерасад, ки ҳукумати марказӣ ба эҳёи чопхонаҳо дар минтақаҳо манфиатдор нест. 29 газетаи ноҳиявӣ ва соҳавӣ, ки дар вилояти Хатлон соле барои як ё ду бор, усулан дар арафаи идҳои расмӣ нашр мешаванд, хеле сифати паст доранд. Дар аксари маворид, хондани бархе нашрияҳои маҳаллӣ номумкин аст.

Адами чопхонаи замонавӣ як теъдод ҳафтаномаҳои ғайридавлатиро, ки дар вилоят фаъол мегардиданд, нахуст пойбасти ҳамон нашрияи "Шарқи Озод" мекард ва сипас бо баҳонаҳои мухталиф, ки сардабири "Рузи Нав" аз он дар мақолаи шикоятиаш ёдрас шудааст, сарвари ин чопхона нашри ин расонаҳоро қатъ мекард. Моҷарои сари газетаи "Самар", ки панҷ сол қабл ба амал омада буд, айнан ба моҷарои "Рузи Нав" монанд аст.

Аз ҷониби дигар, дар вилоят дуконҳои фуруши матбуот аз байн рафтаанд. Комилҷон Достиев, раиси ҷамъияти саҳомии "Тоҷикматбуот", "Союзпечат"-и собиқ, дар минтақаи Кулоб мегуяд, дуконҳоро аз ин корхона бо зур гирифтаанд ва арзу шикваи масъулин ба додситонӣ ва мақмомоти қудратӣ дар бастагӣ ба вазъи ба миён омада, бе ҷавоб мондааст: "Дар минтақаи Кулоб ягон дуконе нест, ки газета фурушад. Дар ягон район аз тарафи ҳукумат ба мо кумак намекунанд, ки дуконҳоро баргардонем. Мо кушиш карда истодаем, ки дуконҳо баргардонида шаванд ва халқ газетаву маҷаллаҳоро аз ҳамон дуконҳо харидорӣ кунад. Лекин аз тарафи ҳукумат ба мо ягон ёрдам намешавад, ки дуконҳоро баргардонем."

Коршиносон мегуянд, ду чопхонаи минтақавӣ дар шаҳрҳои Кулоб ва Қурғонтеппа имконоти зиёд доранд ва дар сурати таъмиру тармим метавонанд на танҳо газетаҳои маҳаллӣ, балки ҳамзамон ҳафтаномаҳои марказиро ҳам ба дасти чоп диҳанд. Онҳо мегуянд, аз кор мондани чопхонаҳо, аз байн бурдани дуконҳои рузномафурушӣ воқеан як амали тарҳрезишуда аст, зеро дар ҳоле ки Тоҷикистон даъвои демократия ва озодии баён мекунад, мушкили набуди чопхонаҳо дар маҳалҳо аз зуҳури газетаҳои ғайридавлативу хусусӣ дар кишвар ҷилавгир мешавад.

XS
SM
MD
LG