Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАБСИ САДДОМ ҲУСАЙН



Искандари Хоҷа Мирзода



Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба боздошти раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Ироқ Саддом Ҳусайн вокуниш нишон дод. Дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, Игор Сатторов - сухангуи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт: "Ба фикри мо ҳабси Саддом Ҳусайн амалан бо беҳбуди вазъи Ироқ иртибот дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали амалиёт дар ин кишвар ҷонибдори ҳалли ҳар чӣ зудтари низоъи Ироқ ва интиқоли тадриҷии қудрат ба дасти мардуми ин кишвар буд.

Ба фикри мо ҳабси Саддом Ҳусайн яке аз омилҳои таъминкунандаи субот дар Ироқ аст. Муҳим аст, акнун худи ироқиҳо эҳсос намоянд, ки ин омил то ба кадом ҳад дар беҳбуди вазъи сиёсиву иҷтимоии ин кишвар ва некуаҳволии он саҳм хоҳад дошт."

XS
SM
MD
LG