Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲУКУМАТ ЯК БАРНОМАИ МУҲИМРО ТАСДИҚ КАРД



Абдуқайюми Қаюймзод



Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор Барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноии кишварро барои солҳои 2004 то 2008 тасдиқ кард. Бар асоси ин қарор, вазорати адлияи кишвар муваззаф шудааст, ки тарҳи нақшаи тадобирро дар мавриди иҷрои Барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ барои солҳои 2004-2008 то якуми январи соли 2004 таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод кунад.

Алихон Раҳмонов - муовини вазири адлия ва сардори идораи маҳбасҳои Тоҷикистон - дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, раванди ислоҳот дар таҳияи куллия қавонини ҷиноӣ ва ҷазоии кишвар ва аз ҷумла дар низоми идораи маҳбасҳо ва татбиқи иҷрои ҷазо аз чанд соли пеш идома дорад.

Оқои Раҳмонов гуфт, ислоҳоти мазкур бо пешниҳоди созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва пуштибонии раиси ҷумҳур сурат гирифтааст ва ҳадафи аслии он аз зери назорати вазорати қудратӣ дар ихтиёри комили вазорати мулкӣ ва ё таври дигар вазорати шаҳрвандӣ вогузории системаи маҳбасҳо мебошад.

Алихон Раҳмонов ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир мутахассисони вазорати адлия тарҳи нақшаи иҷрои барномаи мазкурро омода мекунанд. Аммо нуктаи меҳварии ин барнома ҳамоно додани сабукиҳои бештар ба маҳбусон, яъне тақвияти кафолати ҳуқуқ ва манофеи маҳкумин ба ҳангоми иҷрои ҷазо дар зиндонҳо, беҳбуди шароити зисти афроди маҳкум дар муассисоти ислоҳӣ ва кормандони ин соҳот мебошад.

Ёдовар мешавем, тибқи як дастури ҳукумати Тоҷикистон дар аввали баҳори соли ҷорӣ идораи маҳбас ва муассисоти ислоҳии кишвар аз вазорати умури дохила ба вазорати адлия супорида шуд. Дар ҳоли ҳозир 18 муассиса ва зиндон ба шумули як зиндони занона дар Тоҷикистон амал мекунад.

Ва аммо дар қарори ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад ҷараёни иҷрои амалии барномаи мазкур аз ҳисоби буҷа, маблағҳо ва хайрияҳои созмонҳои байналмилалӣ, афроди ҷудогона ва дигар манобеъе, ки мухолифи қонунҳои кишвар нестанд, таъмин хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG