Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони кории тоҷик барои наздиконашон аз Русия пул ва туҳфа меоранд



Хиромон Бақозода

Ва ҳамчунин як ҳадяи марговар - вируси СПИД-ро

Туҳфаву савғо, пул ва ҳамчунин ангезандаи Эйч АЙ ВИ СПИД - ин ҳама раҳоварди муҳоҷироне мешавад, ки бо анҷоми мавсими корӣ дар Русия бо худ ба Тоҷикистон мебаранд.

Хабарнигори "Франс Пресс" менависад, теъдоди гирифторони вируси Эйч Ай Ви дар Тоҷикистон акнун дар баробари муътодони сузанӣ ва танфурушон, аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ меафзояд. Мақомоти расмӣ мегуянд, ҳарчанд дар Тоҷикистон 119 мубталоёни ин вируси марговар ба қайд гирифта шудааст, аммо шумораи воқеъии гирифторони Эйч Ай ВИ дар кишвар даҳҳо маротиб зиёд аст.

Зуҳро Аҳмадова, корманди масъули барномаи нуфусшумории Созмони Милалли Муттаҳид ё ЮНФПА мегуяд, афзоиши шумораи мубталоёни Эйч Ай Ви мисли намакоб руйи дардҳои сухтаи мардуми тоҷик аст. У ягона роҳи судманди ҷилавгирӣ аз густариши Эйч Ай Ви-ро дар афзоиши барномаҳои иттилоотиву маърифатӣ мебинад, зеро маълумоти ками аҳолӣ аз роҳҳои пешгирии чунин амроз далели аслии афзоиши мубталоён мегардад: "Бо вуҷуди ин ки маблағҳои мо маҳдуданд, мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират барои ин бахши мардуми мусофир китобчаҳоеро бо маълумоти ҷилавгирӣ аз СПИД ва ҳамчунин васоити пешгирӣ аз амрози ҷинсӣ пеш аз сафарашон ба Русия тақсим мекардем. Ин корро мо дар вилояти Суғд ва дар шаҳри Душанбе анҷом додем."

Барномаи нуфусшумории Созмони Милалли Муттаҳид ҳамасола 300 ҳазор долларро танҳо барои ба таври ройгон тақсим намудани васойили ҷилавгирӣ аз амрози ҷинсӣ масраф мекунад, ва бо вуҷуди ин мегуяд, фаъолияти аслӣ бояд барои маърифатнокии мардум равона гардад.

Зуҳро Аҳмадова мегуяд, роҳи муассиртарини мубориза бо СПИД кор бо наврасон аст: "Бо ширкати созмонҳои ғайриҳукуматӣ мо як барномаи густардаи маърифатиро дар рустоҳои Тоҷикистон дар миёни наврасон, калонсолон, омузгорон ва аҳли дин ба роҳ мондаем. Ин барнома ба масъалаҳои танзими оила ва як бахши он ба ҷилавгирӣ аз СПИД ва амрози мухталифи ҷинсӣ бахшида шудааст. Тавассути ҳамин созмонҳо мо васоили пешгирӣ аз амрози ҷинсиро ҳам паҳн мекунем. Бароям душвор аст гуфтан, ки кори мо то куҷо муваффақ аст, аммо ҳамин чизро медонам, ки мо бояд ин барномаҳоро идома диҳем, зеро дар сурати сар задани эпидемия дигар нигаҳ доштани он хеле душвор хоҳад шуд."

Дар оғози соли 2003 Созмони Милалли Муттаҳид тавассути Хазинаи ҷаҳонии мубориза алайҳи амрози силу табларза ва СПИД барои барои мубориза бо СПИД ба Тоҷикистон 2 миллиону 400 ҳазор доллар ихтисос дод. Ин маблағ барои муолиҷаи мубталоёни Эйч Ай Ви, ташхиси лабораторӣ, роҳандозии барномаҳои иттиллоотӣ дар миёни аҳолӣ равона шудааст.

XS
SM
MD
LG