Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"РУЗИ НАВ"-РО ДАР НИҲОЯТ НАШР КАРДАНД



Мирзои Салимпур



Ҳафтаномаи "Рузи Нав" пас аз ду ҳафтаи боздошти нашраш дубора ва бо теъдоди 6 000 нусха чоп шуд. "Рузи Нав" дар шумораи наваш аз шахсиятҳои аввали сиёсати кишвар пурсидааст, ки оё шумо розиед, ки "Рузи Нав" баста шавад?

Аксари пурсидашудагон бо шумули шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва ноиби сарвазир Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода вуҷуди чунин нашрияҳои бараҳнагуро дар фазои иттилоотии Тоҷикистон муҳим хондаанд.

Рузи панҷшанбе чаҳор ҳизби сиёсии Тоҷикистон - Ҳизби Демократ, Ҳизби Коммунист, Ҳизби Сотсиалист, ва Ҳизби Сотсиал-Демократ дар як баёнияи муштарак аз ҳукумат тақозо карданд, ки омилони боздошти нашри ҳафтаномаи мустақили "Рузи Нав"-ро пайдо намуда, ҷазо диҳад.

Аҳзоби сиёсӣ манъи нашри рузномаро фишор ба равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва шеваи бархурд бо расонаҳои хабариро ҳамчун зуроварӣ арзёбӣ карданд.

XS
SM
MD
LG