Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи шуъбаи Ҳизби Сотсиалистӣ дар Кулоб



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Пас аз таъхири чаҳорсола

Пас аз таъхири 5 сола дар шаҳри Кӯлоб конфронси таъсисии Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) баргузор гардид ва теъдоди аҳзоби расман фаъол дар минтақа ба 4 адад расид. Ҳамакнун дар баробари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Ҳизби Наҳзати Ислом, Ҳизби Сотсиалистӣ ҳам дар минтақа расман фаъол гардид.

Раиси ҲСТ Мирҳусейн Нарзиев дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, конфронси мазкур бояд моҳи майи солии 1999 доир мегашт, аммо пас аз сӯиқасд ба ҷони Сафаралӣ Кенҷаев - раиси вақти ҳизб ва ба хотири адами амнияти ҷонии аъзо аз баргузории чаласаи таъсисӣ дар мавзеъ худдорӣ кардаанд: "Террори сиёсӣ нисбати бунёдгузори ҲСТ шодравон Сафаралӣ Кенҷаевич, ки замоне мардуми Кӯлоб барои пуштибонӣ аз ӯ ба майдон рафта буданд, ки аз байн бурданд ва ин бисёр як зарбаи шадидан буд, нисбати ҲСТ. Буданд омилҳое ки аъзои ҲСТ дар замони набудани худи Кенҷаев мавриди таҳқир қарор доштанд. Ва росташро гӯям, барои таъмин кардани бехатарии намояндагони ҳизби худамон то як андоза таҳаммул кардем ва таҳаммули мо то ин рӯз буд."

Дар конфронси таъсисӣ Шариф Исломов - раис, проофессор Муродалӣ Набиев ва Руслан Кануков муовинҳои раиси маҳаллии ҲСТ таъйин гардиданд. Шариф Исломов пас аз савганди садоқат ба ормонҳои ҳизб таъкид кард, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз сотсиалистони маҳаллӣ барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ дар парлумони касбӣ талош хоҳанд кард: " Ҳаракат мекунем, ки дар парлумони болоӣ, ё ин ки поёнӣ ё миллӣ мегӯем, мо намояндаи худро дар он ҷо дошта бошем!"

ҲСТ бар ақидааст, мардуми Кӯлоб, ки 12 сол қабл бо шиорҳои пуштибонӣ аз "Катании Тоҷик" ё худ Сафаралӣ Кенҷаев ба майдонҳои пойтахт шуда буданд, имрӯз ҳам аз ҳизби таъсисдодаи Кенҷаев дар интихоботҳои соли 2005 пуштибонӣ хоҳанд кард.

Мирҳусейн Нарзиев мегӯяд:" Ман боварии комил дорам, ки умуман ҳамон маҳбубияти худи Сафаралӣ Кенҷаевич барои зиёд шудани теъдоди намояндагони ҲСТ низ кӯмак хоҳад расонд."

Дар ҳамин маврид, ҲСТ тасмим дорад, ҳадди ақалл дар се ноҳияи минтақаи Кӯлоб конфронси таъсисии худро доир кунад ва барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ таҳкурсии сиёсӣ гузорад. Дар ин зимн сотсиалистони маҳаллӣ ният доранд, дар интихоботҳо ба маҷлисҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва шӯроҳои деҳот ширкат намоянд.

XS
SM
MD
LG