Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

МАСЪАЛАИ ТАЪСИСИ ПОЙГОҲРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазири дифоъи Тоҷикистон аз таҳияи як тарҳи тозаи созишнома дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълом доштааст.

Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон зимни мусофирати кориаш дар Маскав, ки тайи чанд рӯзи ахир идома дорад, дар сӯҳбат бо хабарнигори "ИТАР ТАСС" гуфтааст, коршиносони ҳарду кишвари Русия ва Тоҷикистон пас аз баҳсу баррасии созишномаи мазкур ба тавофуқ расиданд.

Оқои Хайруллоев афзудааст, ҳама асноду ҳуҷҷатҳои вобаста ба таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар заминаи фирқаи 201-уми тирандозии ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон, омода мебошад ва ҳеҷ гуна мавонеи ҷиддӣ дар хусуси ташкили ин пойгоҳ боқӣ намондааст.

Заробиддин Сироҷев - сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон - гуфт дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон на як бору ду бор коршиносони ҳарду кишвар нишастҳо доир кардаанд. Оқои Сироҷев афзуд, таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар заминаи фирқаи 201-уми ин кишвар бо назардошти манофеи муштараки ҳарду кишвар сурат хоҳад гирифт: Дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ягон шаку шубҳа нест, зеро ин кор ҳам ба манфиати Русия ва ҳам ба манфиати Тоҷикистон аст."

Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон - таври мушаххас нагуфтаст, ки ин тарҳи созишнома дар бораи мақоми пойгоҳи низомӣ касб кардани фирқаи 201-и Русия чӣ тафовутҳо ва вижагиҳо дорад, зеро ҳанӯз дар соли 1999 як чунин созишномаро бо ҳамин унвон ва бо ҳамин манзур мақомоти ҳарду кишвар василаи парлумонҳо ба тасвиб расонида буданд.

XS
SM
MD
LG