Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шому рузи тори нобиноёни Кулоб тиратар мешавад



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Коргоҳи ягонаи истеҳсолӣ ва манбаи даромади нобиноён аз фаъолият боз монд ва онҳоро ба гадоӣ водор кард.

Бар асари аз фаъолият бозмондани корхонаи истеҳсолии нобиноён дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди 400 тан маълул бе кор монд. Тӯли даҳ сол, шурӯъ аз соли 1993 яъне баъди басташавии ягона коргоҳ барои нобиноён 700 маълул, ки дар кӯчаи Сомониён, маъруф ба Хиёбони Қориҳо ба сар мебурданд, иҷборан каҷкӯли гадоӣ бар дӯш гирифтанд. Ягона мавзеъе, ки 700 нобино ва садҳо тан аз атфоли онҳоро нон медиҳад, бозору паскӯчаҳо, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва мазороти минтақа шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки нобиноён ҳамин бурдаи нони хушки гадоиро бо дигарон тақсим мекунанд. Гадоҳои кӯр мегӯянд, ҳар рӯз дигар камбизоатон онҳоро аз дасташон гирифта, то ҷои кор, яъне бозору мазорҳо мебаранд ва бегоҳ онҳоро ба маҳаллаи Сомонӣ бозпас меоранд ва барои ин хидмат 30-40 дарсади пули гадоии онҳоро мегиранд. Агар нобиноён пул надиҳанд, ин таксиҳои дупо дигар онҳоро ба мавзеъи гадоӣ намебаранд ва рӯзи нобиноён тиратар мегардад.

Дар ҳамин маврид, ҳукумат барои тармиму таъмири роҳу хиёбон ва биноҳои маркази шаҳр дар бастагӣ ба ҷашнвораи 2700 солагии Кӯлоб 19 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Аз тамоми лоиҳаҳои ҷашнии ба марказ пешниҳодшуда танҳо як лоиҳаро ҳукумати марказӣ маблағгузорӣ накардааст. Лоиҳаи ноком маҳз эҳёи коргоҳи маълулон дар шаҳри Кӯлоб буд. Шарофат Сангова- муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб роҷеъ ба мавзӯъ мегӯяд: "Ба сабаби он ки ҳамин хел маблағи бузург дар ҳукумати шаҳр нест, ҳамин хел сарпарастони бузург пайдо нашуданд барои дастгирӣ кардани он, имрӯз худи ҳамин фабрика фаъолият монда истодааст."

Ба лоиҳаҳои ҷашнӣ роҳ наёфтани таъмири корхонаи маълулон нобиноёнро ноумедтар кард. Онҳо мегӯянд, бо зану кӯдакони хеш дар кӯча саргардон мондаанд: "Станокҳо ба яғмо бурда шидагианд, то ҳатто виклучателу светҳое ки барои рӯшноӣ буданд, ҳатто симҳоро буррида дуздидаанд. Ягон чиз намондааст!"

Нафари дигар: "Мо панҷ нафарем, хӯранда. Аз ҳисоби чӣ рӯз мегузаронем? Аз ҳисоби худоиҳо. Куҷое худоӣ бошад, мо меравем."

Гузашта аз ин нобиноён, ки то солҳои наздик аз доруву дармони ройгон истифода мебурданд, аз ҳамин имтиёз ҳам бенасиб шуданд. Як тан аз духтурони беморхонаи амрози чашм, ки номашро фош накард, мегӯяд: "Ҳамин доруворие, ки барои касалҳои чашм ҳастанд, мо онро истеҳсол намекунем ва аз хориҷа меорем, мардум маҷбур аст, ин доруҳоро харидорӣ кунад."

Дар баробари аз доруи чашм маҳрум кардани нобиноён, ҳукумат тамоми имтиёзҳои маълулони чашмро барҳам зад. Икром Маҳмудов, нобино, маълули дараҷаи дуввум мегӯяд: "Ду имтиёзи асосӣ, ки ҳаст - қувваи барқ ва газ мо бояд пардохт кунем. Яъне моро ҳукумат баробарҳуқуқ кард, бо мардуми дигар. Атрофи ин ман фикр мекунам, бисёр душвориҳо пеш меояд, хусусан барои маъюбоне, ки намебинанд, яъне ки нобино ҳастанд. Мо нафақа мегирем, дар ҳаҷми 7 сомон, ки танҳо ба ними пули барқ ва газ мерасад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мо хеле мушкил эҷод мекунад, намедонем, ки мо чӣ хел тоқат кунем."

Нобиноён дар биноҳои сард, бебарқ, хонаҳои бе дару тиреза ва бешиша ба сар мебаранд. Ва ба назар мерасад, ки ин мардумро гӯё маҳз ба маҳви тадриҷӣ ҳукм кардаанд. Барои онҳо дигар шодиву нишот дарҳои худро мустаҳкам бастаанд.

Маълулони чашм мегӯянд, ки дар ҳама давру замон аз фарорасии иддайн, хусусан Соли Нави масеҳӣ шод мешудаанд, зеро мавриди бозҷӯӣ ва ҳузури ҳимммати ҳукуматҳо қарор мегирифтаанд. Аммо нобиноён дигар Соли Навро интизор нестанд. Зеро 1 январ онҳоро боз ҳам хортару залилтар мегардонад: "Мардум ҳатто орзу надоранд, ки Соли Нав биояд. Мо нахуст шодӣ мекардем, ки Соли Нав биояд, вале шахсан ман ҳамчун як тан аз ҳамин қишри аҳолӣ намехоҳам, ки Соли Нав ба кишвари мо биояд."

Нобиноёни Кӯлобро ҳамакнун дар бозорҳои марказии Душанбеву Қурғонтеппа низ метавон дучор омад. Онҳо аз дигар ҳамтақдирони худ фарқ доранд - нобиноҳои кӯлобӣ дутору ғижжак менавозанд, фалак месароянд ва ба сар тоқии чоргули чакан доранд. Шояд ба умеди он ки ҳамшаҳриҳои эшон раҳми онҳоро хӯранд ва ба каҷкӯли онҳо пайсае андозанд.

XS
SM
MD
LG