Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН 326 ҶАСАД ОВАРДААНД



Тоҳири Сафар



Дар ҳар рузи соли равон дар Русия як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва ё фавтидааст. Тибқи иттилоъи додситонии нақлиёти Тоҷикистон, дар даҳ моҳи гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 326 ҷасад мунтақил шудааст ва аз ин шумора 45 нафар аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Аммо воқеияти ҳузнангез ва ваҳшатнок он аст, ки наздикони марҳумон бинобар наёфтани билети ҳавопаймо натавонистаанд ҷасадро ҳамроҳӣ кунанд. Ин омори ваҳшатовар дар ҷаласаи шурои ҳамоҳангсози сохторҳои интизомии Тоҷикистон, ки кори нақлиётро тафтиш мекунанд, эълон шуд.

Дар ҷаласаи рузи 10 декабри шуро ҳамчунин фаъолияти намояндагии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ гаштааст. Қурбоналӣ Муҳаббатов - додситони нақлиёти кишвар - гуфтааст, дар ин намояндагӣ афроди бесаводе кор мекунанд, ки сабаби билетҷалоббӣ дар фурудгоҳ ва саргардонии муҳоҷирон мешаванд.

Ҳангоми тафтиши намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Маскав таввасути додситонии нақлиёт ҳеҷ яке аз кормандони он натавонистаанд аз имтиҳон бигзаранд, зеро ба гуфтаи Муҳаббатов, нафаре аз онҳо саводи казоӣ надоранд ва вазифаҳои оддии худро намедонанд. Қурбоналӣ Муҳаббатов ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши мазкур баъди шикояти зиёд расидан аз ҷониби мусофирон гузаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG