Пайвандҳои дастрасӣ

МУҲОКИМАИ ҶАМШЕД СИЁЕВ ШУРУЪ ШУД



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии роҳбарияти ширкати Ҷамолро шурӯъ кард. Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ - дар оғози мурофиаи кушоди парвандаи мазкур, ки дар ҳузури тақрибан дусад нафар аз муштариёни ин ширкат сурат гирифт, гуфт, Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати "Ҷамол-компания", Зафар Камолов - муовин ва Вячеслав Сой сармуҳосиби ҳамин ширкат барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ, саркашӣ аз пардохти андоз, сӯистифода аз ваколати хидматӣ ва огоҳона вайрон кардани муқаррароти муҳосибавӣ айбдор дониста шудаанд.

Муҳаммадалӣ Ватанов афзуд, як қисми иттиҳомоти парвандаи мазкур назири қаллобӣ ба миқдори махсусан бузург, соҳибкории сунъӣ ва ё бардурӯғ, ба расмият даровардани маблағҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастовардашуда, яъне моддаҳо ва таври дигар айбҳое, ки бевосита бо маблағҳои шаҳрвандон марбут аст ба иллати нопуррагӣ ва нокифоятии далоили тафтишотӣ барои бозрасии такрорӣ ба додситонӣ бозгардонида шудааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG