Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанҷоли "Ҷамол-компания"



Абдуқайюми Қайюмзод

Додгоҳ мурофиаи раҳбарони ин ширкатро бо ҳузури ҷабрдидагони зиёд оғоз кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии роҳбарияти ширкати Ҷамолро шурӯъ кард. Муҳаммадалӣ Ватанов муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ дар оғози мурофиаи кушоди парвандаи мазкур, ки дар ҳузури тақрибан дусад нафар муштариёни ин ширкат сурат гирифт, гуфт, Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати "Ҷамол-компания", Зафар Камолов - муовин ва Вячеслав Сой сармуҳосиби ҳамин ширкат барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ, саркашӣ аз пардохти андоз, сӯистифода аз ваколати хидматӣ ва огоҳона вайрон кардани муқаррароти муҳосибавӣ айбдор дониста шудаанд.

Муҳаммадалӣ Ватанов афзуд, як қисми иттиҳомоти парвандаи мазкур назири қаллобӣ ба миқдори махсусан бузург, соҳибкории сунъӣ ва ё бардурӯғ, ба расмият даровардани маблағҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастовардашуда, яъне моддаҳо ва таври дигар айбҳое, ки бевосита бо маблағҳои шаҳрвандон марбут аст ба иллати нопуррагӣ ва нокифоятии далоили тафтишотӣ барои бозрасии такрорӣ ба додситонӣ бозгардонида шудааст.

Намояндаи додситони кулли кишвар Аҳмад Солиев, ки ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа ширкат дошт, эътироф кард, ки ба ҳангоми тафтишоти қаблӣ дар ин замина ба иштибоҳот роҳ дода шудааст ва бозгардонидани қисме аз ин парвандаи пурсарусадо барои тафтиши дубора аз сӯи Додгоҳи олӣ имкони ислоҳи ин навоқисро фароҳам хоҳад кард.

Ва аммо ба назари Машҳур Ғозиев яке аз адвокатҳои муовини раиси ширкати Ҷамол Зафар Камолов на танҳо ҷараёни тафтишоти додситони кулл пур аз иштибоҳҳо ва нақзи ҳуқуқҳои афроди зери ҳимояти ӯ сурат гирифтааст, балки дар аввалин мурофиаи Додгоҳи Олӣ ҳам ҳуқуқи оддии нафарони гумонбар сарфи назар шуданд.

Вай мегуяд: "Дар мурофиаи судӣ судшавандаҳо бояд, ки озод шинанд, қаламу дафтар дошта бошанд, то он фикру ақидаҳое, ки дар суд гуфта мешаванд, барои худ навишта гиранд. Умуман дар ин мурофиаи судӣ зарурати бастани дасти онҳо нест, чунки онҳо дар паси панҷара ҳастанд."

Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон - ва масъули муҳокимаи парвандаи ҷиноии роҳбарияти ширкати "Ҷамол" ба манзури халал ворид насохтан дар ҷараёни баррасӣ, аз тавзеҳи бештари ин қазия худдорӣ кард ва танҳо ҳамин чизро афзуд, ки 46 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ширкати "Ҷамол" ҳамкорӣ доштааст ва аз ин теъдод танҳо ду ҳазор нафар маблағҳои худро бозпас гирифтаанд.

Аммо вақте оқои Ватанов хоҳиши аҳли толорро, ки мехостанд, бо истифода аз ҳузури Ҷамшед Сиёев дар паси панҷара ҳам бошад, аз забони худаш сарнавишти маблағҳояшонро бифаҳманд, ба далели ин ки маҳз ҳамин қисмати маводи парванда ба тафтишоти дубора фиристода шудааст, сарфи назар кард ва мардум ба шиддат изҳорӣ норозигӣ кард.

Ва аммо муҳокимаи парвандаи ҷиноии роҳбарияти ширкати "Ҷамол"-ро Муҳаммадалӣ Ватанов додраси Додгоҳи Олӣ бо хоҳиши вакилони мудофеъ то ду рӯзи дигар мавқуф гузошт.

XS
SM
MD
LG