Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Неруҳои вокуниши сареъро афзоиш медиҳанд



Соҷидаи Мирзо



Президенти Русия Владимир Путин гуфт, сарфи назар аз сохторҳои минтақавӣ ҳамоҳангӣ дар мубориза алайҳи терроризм дар ҷаҳон ва аз ҷумла дар қаламрави шуравии собиқ аҳамияти вижа дорад.

Путин зимни суханронӣ дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои муштаракулманолфеъ баён дошт, ки эътибори нируҳои мусаллаҳ ва идораҳои дифоъӣ аз бахшҳои муҳими ин ҳамкорӣ ба шумор меоянд. Бахши аввали нишасте, ки Владимир Путин дар он суханронӣ кард, рузи 9 декабр дар Маскав шуруъ шуд ва намояндагони кишварҳои узви Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҳоло Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар он ҳузур доштанд. Ин ташкилот ҳоло татбиқи ду барномаи муҳим, афзоиши теъдоди нируҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ ва гирифтани мақоми нозир дар Созмони Миллалро пайгирӣ мекунад. Созмони мазкур моҳи майи соли 2002 - ум таъсис ёфт ва 7 октябри ҳамон сол раисони ҷумҳури Арманистон, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия оиннома ва созишномаи мақоми ҳуқуқии онро дар Кишинёв тасвиб намуданд. 18 сентябри соли 2003 - ум баъди тасвиби ин санад дар парлумони ҳамаи кишварҳои узв созмон қонунӣ шуд.

Раиси нухустин нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев гуфт, баъди сабти расмии ташкилот дар Созмони Миллали Муттаҳид обруи он афзунтар хоҳад шуд. Моҳи октябри соли равон дархости ташкилот ба Созмони Миллал супурда шуд, аммо то ҳануз беҷавоб боқӣ мондааст. Дар ин нишаст қарор шуд, теъдоди нируҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, ки ҳоло якуним ҳазор низомиро дар бар мегирад, соли оянда дуюним баробар бештар шавад. Ба ин хотир кишварҳои узви паймон муваззаф шудаанд, ки ҳар кадом як баталён ва Тоҷикистон ду баталёнро дар ихтиёри ин ниру қарор диҳад.

Николай Бордюжа - дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши нируи вокуниши сареъро ба ташаннуҷи авзо дар минтақаи Осиёи Марказӣ марбут кард. Дар баробари ин мавзуъи ҳамоҳангии оҷили нируҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, лашкари 201-ум мустақар дар Тоҷикистон ва низомиёни фурудгоҳи Кант, воқеъ дар Қирғизистон баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки нируи дастаҷамъии вокуниши сареъ дар ҳоли мабодо аз ҳисоби низомиёни ин пойгоҳҳо таҳким хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG