Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи СПАД дар Душанбе баргузор шуд



Абдуқайюми Қаюймзод



Ҷаласаи ҳафтуми Дабирони Шурои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ рузи 8 декабр дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.

Владимир Рушайло дабири Шурои амнияти Русия бо ишора ба вазъияти ноороми Афғонистон идомаи ҷангҳои чирикӣ дар Ироқ ва таркишҳои ахир дар Туркия гуфт, ҳеҷ кишваре ба танҳоӣ наметавонад, дар муқобили таҳдидоти ҷадиди ҷаҳонӣ, назири терроризм ва маводи мухаддир истодагарӣ кунад.

Оқои Рушайло афзуд: "Бидуни шак мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар маркази таваҷҷуҳи ин нишаст қарор дорад. Дар нишасти имруза масъалаҳои дигаре, назири яксонсозии қавонини марбути амниятӣ, баррасии конвенсияҳои байналмилалии зиддитерористӣ эҷоди системаи ягонаи амниятӣ дар роҳҳои оҳани кишварҳои узви ин паймон, пешниҳоди ҷониби Қазоқистон дар мавриди таъсиси маркази мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони аъзои паймон баррасӣ хоҳанд шуд."

Николай Бордюжа дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳошияи нишасти мазкур афзоиши қочоқи маводи мухаддирро аз Афғонистон ва фаъолияти гуруҳои тундравро аз аслитарин таҳдидоти ҷиддии амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурд. Дар оғози ҷаласаи мазкур дабирони Шурои амнияти созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугу анҷом доданд.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, оқои Раҳмонов дар ин ҷаласа аз беҳуқуқии шаҳрвандони муҳоҷир дар қаламрави кишварҳои Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ суханронӣ карда гуфтааст, дар сурати таври мусбӣ ҳал нашудани мушкилоти муҳоҷирин чеҳраи ин созмон ба ҳайси як ниҳоди минтақавии байналмиллалӣ ва куллан Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракуманофеъ хатчадор хоҳад шуд.

Дар нишасти дабирони Шурои амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе намояндагон аз Украина, Озарбойҷон ва Гурҷистон ба сифати нозир ширкат карданд. Намояндаи давлати Гурҷистон бо хоҳиши ширкатдорони ҷаласа пиромуни вазъияти сиёсӣ ва таҳаввулоти ахири кишвараш гузориш додааст.

XS
SM
MD
LG