Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа зиёд, аммо муҷозоташ ками дар кам аст



Абдуқайюми Қайюмзод

Латукуб ва шиканҷа ҳамчунон як роҳи аслии пеш бурдани тафтишот дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди шиканҷа ва зуровариро дар ҷараёни бозрасии аввалия инкор намекунанд.

Аммо додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар ин робита эълом кард, ки тайи ду соли гузашта вазорати умури дохила ҳеҷ парвандае дар мавриди шиканҷа, зуроварӣ ва фишор ҷиҳати пайгирӣ ба додситони кулл пешниҳод накардааст.

Бобоҷон Бобохонов, ки дар як конфаронси миллӣ зери унвони "Ҳушдор ва ҷилавгирӣ аз истифодаи шиканҷа ва зуроварӣ дар ҷараёни тафтишот" суҳбат мекард, афзуд, додситонии кулли Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ин падида омодааст.

Каримҷон Солиев, корманди Академияи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, яке аз иштирокдорони конфаронс, ки гузоришаш як баҳси гармеро дар конфаронс ба миён овард, гуфт, аксари мавориди шиканҷа ва зуроварӣ дар боздоштгоҳҳо аз тарафи кормандоне сурат гирифтааст,ки собиқаи кории камтар аз даҳсола доранд. Оқои Солиев дар ин маврид ба ҷалби афроди ноогаҳ ва тасодуфӣ ба сафи вазорати умури дохила ишора мекард.

Ва аммо Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар зимни радди иддаоҳои намояндаи вазорати корҳои дохила дар мавриди 41 дар сад ошкор кардани ҳодисаҳои шиканҷа тавассути кормандони ин вазорат гуфт, баррасии чунин ҳодисот танҳо дар салоҳияти додситонии кулл ба унвони ниҳоди назоратӣ дар ин кишвар аст. Оқои Бобохонов афзуд, тайи ду соли ахир аз суи вазорати корҳои дохила ҳатто як парвандаи ҷиноӣ дар иртибот ба шиканҷа ва зуроварӣ фиристода ба додситонии кулли кишвар нашудааст. Додситони кулли Тоҷикистон дар ин замина танҳо аз як мавриди мушахас ёдоварӣ кард.

Оқои Бобохонов мегуяд, дар ҳоли ҳозир муовини раёсати корҳои дохилаи ноҳияи Роҳиоҳани Душанбе ба ҷурми шиканҷаи як зан боздошт шудааст ва ин кормандони корҳои дохила барои аъмоли шиканҷа ва истифодаи зуровариву фишор ба ҳангомӣ бозпурсӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Гулчеҳра Шарифова, мудири шуъбаи тазмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ низ гуфт, мутаасифона, ҳодисаи шиканҷа ва истифодаи зуроварӣ дар ҷараёни бозрасӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон зиёд мушоҳида шудааст ва шаҳрвандони кишвар ҳам дар ин замина шикоят мекунанд, аммо дар аксари маворид ин шикоятҳо аз тарафи ниҳодҳои тафтишотӣ мавриди эътибор намешаванд.

Ойниҳол Бобоназорова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегуяд, ҳодисаи шиканҷа ва зуроварӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ин падидаи номатлуб, афзуд хонум Бобоназарова, махсусан дар манотиқи кишвар аз тарафи муфатишон ба ҳайси як таҷриба истифода мешавад. Ба эътиқоди Бобоназарова, роҳи аз байн бурдани ин падидаи номатлуб инъикоси мушаххаси нақши вакили мудофиа дар Кодеси ҷиноӣ ва манъи бозпурсии бидуни ҳузури адвокат мебошад.

Тоҷикистон аз соли 1995 Конвенсияи байналмилалии мубориза бо шиканҷаро ба тасвиб расонид. Дар соли 1998 ба ҳангоми ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ин кишвар барои амали шиканҷа ва истифодаи зуроварӣ аз 3 то 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо ин кишвар то кунун гузориши миллии худро дар ин замина ба ниҳодҳои байналмилалӣ пешниҳод накардааст.

Ин нишаст, ки бо ибтикори дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, додситонии кулли кишвар ва бо пуштибонии маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон баргузор мегардад, қарор аст тайи ду рузи баҳсу баррасии мавзуъ бо мақомоти қудратӣ тавсияҳои лозимро ҷиҳати ҷилавгири аз аъмоли шиканҷа ва зуроварӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG