Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рузи Нав" ин ҳафта ҳам нашр нашуд



Раҳматкарими Давлат



Нашр нашудани "Рузи Нав" ҳамчунон муҳимтарин хабари ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи охир боқӣ мондааст.

Барои дувумин ҳафтаи пайдарпай мақомот нашри ҳафтаномаи "Рузи Нав"-ро иҷоза надоданд. Аммо тамомии рузномаҳои чопи рузи панҷшанбеи сармақолаҳои худро ба ин масъала ихтисос додаанд.

"Нируи Сухан", яке дигар аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, боздошти "Рузи Нав"-ро ҳамла ба озодии баён унвон карда ва навиштааст: "Ин ҳодиса на танҳо хонандагони "Рузи Нав", балки созмонҳои байналмилалиеро, ки Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои собиқи шуравӣ аз нигоҳи озодии баён дар ҷои аввал гузошта буданд, низ дар шигифт андохт. Вақте бо шеваи худсарона як рузномаи номдор баста мешавад, бидуни ихтиёр тасаввур мешавад, ки фазои озодии кишварро абри тираи беқонунӣ фаро мегирад. Вақте ки масъулин бо гузашти ду ҳафта дар ин бора изҳори назар намекунанд, он гоҳ мо набояд муддаӣ бошем, ки дар кишвари қонун зиндагӣ дорем."

Ҳамчунин "Вечерний Душанбе" низ дар мақолае бо номи "Даҳони Раҷаби Мирзоро бастанд" навишт, "кас намехоҳад бовар кунад, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ба осонӣ обруи касбкардаашро дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чун кишвари нисбатан демократӣ бирезонад. Бисёр мехостем, ки қазияи боздошти нашри "Рузи Нав" иштибоҳ бошад."

Аммо бо ин ҳама вуҷуд, Иброҳим Усмонов, мушовири давлатии Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегуяд, аз кадом номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи нашр нашудани рузнома хабар надорад: " Ман хабарам нест, шояд ба шуъбаи матбуот омада бошад. Ман аз ин протсес хабар надорам."

Аммо масъулин "Рузи Нав" мегуянд, онҳо қабл аз ҳама Иброҳим Усмонов дар ин бора муроҷиат карда ва хостори мусоидати у шудаанд. Фахриддини Холбек, муовини сардабири "Рузи Нав": "Акнун ин ба виҷдони он кас вобаста аст. Инро ба у ҳавола мекунем. Лекин Раҷаби Мирзо, сармуҳарири мо ҳини рушанӣ андохтан ба ҳамин масъала бо ҷаноби Усмонов сари ҳамин қазия суҳбат кардааст. Ва сари ҳалли ҳамин қазия аз он кас низ шахсан хостааст, ки кумак кунад."

Аммо масъулини "Рузи Нав" ба ҳар сурат умедворанд, ки то ҳафтаи дигар шахси Раиси ҷумҳур дар мавриди қазия изҳори назар хоҳад кард ва онҳо хоҳанд тавонист ҳафтаномаро ба дасти хонандагон бирасонанд.

XS
SM
MD
LG