Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Алиев раиси ширкати газ таъйин шуд



Холиқи Сангин



Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон муовини собиқи вазири энержӣ Ҳусейн Алиевро ба симати раиси ширкати гази Тоҷикистон таъйин кард. Ҳусейн Алиев аз байни се довталаби дигар ба ин мақом баргузида шудааст.

Оқои Алиев дар раёсати ширкати газ раиси ҳизби Демократ Муҳаммадрузӣ Искандаровро иваз хоҳад кард, ки дар ҳафтаи гузашта низ бо қарори ҳукумат аз раёсати ин корхона сабукдуш шуда буд. Ва як вазифаи Ҳусейн Алиев дар ин симати нав пайдо кардани як роҳи ниҳоии ҳалли ин вазъияти буҳрономез дар риштаи гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG