Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи Тоҷик" то соли 2007 таҷзия мешавад



Мирзои Салимпур



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи чоршанбе, 3 декабр Барномаи стратегии ислоҳоти сохтории монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои фавқулодда бузурги кишварашро имзо кард.

Ин барнома, ки бояд то соли 2007 анҷом шавад, аз ҷумла ислоҳоти сохтори чунин ширкати муҳими "Барқи Тоҷик"-ро низ дар назар дошта, қарор аст дар заминаи он чанд ширкати алоҳида дар риштаҳои тавлид ва тавзеъи нируи барқ таъсис ёбад.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС навишт, ки ниругоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои гармидиҳии пойтахт, шаҳри Душанбе ва деги гармии шаҳри Ёвон, тибқи ин барнома, дар як ширкати воҳиде бо номи "Энержӣ" муттаҳид мешаванд. Интиқолу тавзеъи нируи барқ ва ҷамъоварии пули онро ҷамъияти саҳҳомие бо номи "Шабакоти миллии нируи барқи Тоҷикистон" ба уҳда хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG