Пайвандҳои дастрасӣ

500 тутӣ аз қочоқбарон мусодира шудааст



Мирзои Салимпур



Мақомоти гумрукии Русия мегуянд, аз як ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба самти Маскав парвоз мекард, зиёда аз 500 тутиро кашф ва мусодира кардаанд. Ин тутиҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия қочоқ мешуданд.

Феълан тутиҳои мусодирашударо дар боғи ҳайвоноти шаҳри Нижний Новгород ҷой додаанд, вале ба навиштаи ношири ин хабар, хабаргузории ИТАР-ТАСС, сарнавишти ниҳоии онҳо танҳо пас аз анҷом ёфтани тафтиши парвандаи қочоқбаронашон маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG