Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Неруи сухан": "Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов арзу шикояти мардумро нодида мегирад."



Мирзонабии Холиқзод

Аммо мақомоти давлатӣ ба ин гуфта мувофиқ нестанд ва мегуянд, президент Раҳмонов ба ҳар ҳарфи мардум гуш медиҳад.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ба навиштаи ҳафтаномаи "Неруи сухан" чопи Душанбе дар мавриди беаҳамиятии идораҳои ҳукуматӣ ва президенти кишвар нисбати номаҳои мардум ва мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои матбуот роҷеъ ба вазъи иҷтимоии кишвар ба нашр мерасанд, посух дода афзудааст: "Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиатҳои мардумро дар ҳама шакл, ҳамчун воситаи татбиқу ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, тақвияти робитаи мақомоти давлатӣ бо халқ ба ҳайси сарчашмаи муҳими ахбори иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад."

Рузноманигорони Тоҷикистон посухи дафтари матбуоти президенти кишварро як навъ кушиши сафедсозии президент дар баробари масъулияте, ки ба унвони роҳбари кишвар дорад, донистаанд. Сардабири ҳафтаномаи "Неруи Сухан" Мухтор Боқизода гуфт, он чӣ ки сухангуи раиси ҷумҳур Зафар Саидов гуфтааст, дуруст мебуд, теъдоди номаҳои шикоятӣ ва муроҷиатномаҳои сокинони пойтахт ба идораи рузнома бештар намешуд: "Ман гумон мекунам, ки агар чунин мебуд, аз куҷо теъдоди номаҳои шикоятӣ руз ба руз зиёд мешуд. Ё шояд он номаҳое, ки аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба дасти мансабдорони маҳаллӣ мерасанд, вале онҳо ягон чораҷуӣ намекунанд."

Ахиран як гуруҳ журналистон ва кормандони маҷаллаву рузномаҳо аз намояндаи дафтари матбуоти кишвар хостанд, ки нишасти матбуотии раиси ҷумҳурро бо рузноманигорон роҷеъ ба масоили сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баргузор кунад. Аммо то кунун ҳеҷ гуна нишасти матбуотии президент Раҳмонов бо хабарнигорон сурат нагирифтааст.

Сардабири ҳафтаномаи " Нреуи сухан" Мухтор Боқизода мегуяд, дар муддати 10 соле, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси ҷумҳури Тоҷикитон дар сари қудрат аст, боре барои рузноманигорони дохилӣ нишасти матбуотӣ наоростааст ва танҳо вақте ки як меҳмони хориҷӣ ташриф орад, ночор дар паҳлуи у ба суолҳои хабарнигорон гуш медиҳад: "Тули ин даҳ сол дар замири рузноманигорон гуфтаниҳои зиёде пайдо шудааст, ки онҳо ҳалли фавриро металабанд. Ба андешаи ман агар рузноманигорон имкони сари як миз бо раисиҷумҳур нишастан ва суҳбат карданро пайдо мекарданд, дар фаъолияти онҳо пешравиҳои зиёд ба амал меомад. Тайи даҳ соле, ки муҳтарам Раҳмонов сари қудрат аст, ман боре надидаам ва нашунидаам, ки вай бо рузноманигорони дохилӣ суҳбати хосае дошта бошад."

Аммо ба назари бархе аз рузноманигорони телевизиони тоҷик президент Раҳмонов дуст медорад, ки наворҳо аз ҷараёни сафарҳои у ба хориҷа ва ба навоҳии кишвар пайваста дар телевизион намоиш дода шавад, ва аз паси навор муҷрӣ бо садои мутантан ҳарф занад, то ба ин восита обруи президент дар ҷомеа биафзояд.

Ва аммо раиси Ассосиатсияи расонаҳои озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегуяд, агар президент зуд-зуд бо хабарнигорон ру ба ру шавад, масъулини вазоратхонаҳои зиддахл низ ба матбуот бо чашми ҳаросон нигоҳ намекунанд: "Агар дар Тоҷикистон бо ширкати раиси ҷумҳур нишастҳои матбуотӣ доир шавад, он ба рушди озодии матбуот дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Агар раиси ҷумҳур ба ин иқдом даст занад, дигар мансабдорон низ аз у ибрат хоҳанд гирифт."

Посухи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба навиштаи ҳафтаномаи "Неруи сухан" ва таъкиди он дар хусуси ботаваҷҷуҳии президент Раҳмонов ба матбуот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ягона чопхонаи ҳукуматии "Шарқи озод" аз нашри рузномаи мустақили "Рузи нав" худдорӣ намуда, то кунун сабаби манъи нашри онро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG