Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши адвокат дар низоми додгоҳии Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Адвокатҳои тоҷик ҳомиёни ҳуқуқи бечораву бетаъсире ҳастанд, ки шаҳрвандон аз хидмати онҳо кам истифода мекунанд.

Ахиран парлумони Тоҷикистон дар радифи рузҳои хоси тақвимӣ рузи 26 майро ба сифати рузи касбии адвокатҳо дар кишвар ба расмият даровард. Қабули Қонун дар бораи рузи адвокатҳо имкон медиҳад, намояндагони ин хадамот аз ин руз ба сифати рузи иди касбӣ таҷлил ба амал оваранд.

Вале оё худи адвокатҳо дар ҷомеа чӣ нақше доранд. Ва оё вакилони мудофиа, ки мудофеъи ҳуқуқи шаҳрвандон дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ мебошанд, то кадом ҳад аз уҳдаи иҷрои вазоифи худ мебароянд. Соҳибназарони риштаи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки мақом ва мавқеи вакили мудофиа ҳарчанд дар Қонуни асосӣ таъкид шудааст, аммо дар Кодекси ҷиноӣ ва дигар қонунҳои кишвар номушаххас ва норушан боқӣ мондааст.

Қайюм Юсуфов - раиси Конуни адвокатҳои Тоҷикистон мегуяд, ба маҳзи ҳамин номушаххасӣ дар бештари маворид ҳам дар ҷараёни эъломи айб, ҳам ба ҳангоми тафтиш ва ҳам ба ҳангоми мурофиа далоил ва ваҷҳҳои пешниҳодии вакилони мудофиа сарфи назар мешавад: "Мушкилоти асосии адвокатҳои Тоҷикистонро дар он мебинам, ки дастгирии ҳаматарафаи қонунӣ барои адвокатҳо нест. Хусусан дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ. Агар қонунҳо пурратар, мукаммалтар бошанд, барои адвокат ҳам кор кардан осонтар мешавад. Зеро дар таҷриба бисёр вомехурем, ки адвокатро дар мурофиа роҳ намедиҳанд. Аз руи қонун вазъи прокурору адвокат, яъне ҳимоятгар баробар нест."

Ба назари коршиносони масоили ҳуқуқ, яке аз мавонеъ ва ё мушкилоти асосӣ, ки дар кори ҳаррузаи худ вакилони мудофиа ба он мувоҷеҳ мешаванд, шароити маҳдуди вохурӣ ва мусоҳиба бо нафари зери ҳимоя дар боздоштгоҳҳои муваққат мебошад.

Ватан Абдураҳмонов - мудири маркази таълими ҳуқуқии Душанбе дар ин робита мегуяд, қавонини ҷорӣ мулоқоти адвокатро бо нафари зери ҳимоят ба сурати номаҳдуд муайян кардааст, вале дар айни ҳол ин амал бояд ва бо дастуру рухсати муфаттиш сурат бигирад: "Адвокатҳо дар ҳоли ҳозир дар ҳақиқат мушкилӣ доранд. Барои он ки дар вақте дастгир мекунанд, аввал бозпурсӣ меравад. Сонӣ адвоката даъват мекунанд. Бояд фаҳмонида шавад, ки барои гирифтани адвокат ҳақ дорад. Вақти вохурии адвокат ҳамроҳи он шахсе, ки дастгир шуд, яъне айбдоршаванда, чӣ қадаре ки хоҳад бояд суҳбат кунад."

Оқои Абдураҳмонов бо такя ба таҷрибаи тулонии кориаш дар ниҳоди додгоҳӣ афзуд, мулоқоти дар хилват ва якка ба яккаи вакили мудофиа бо ҳимояшаванда масъалаи ниҳоят муҳим дар фаъолияти онҳо маҳсуб мешавад. Ва дар аксари кишварҳои мутараққии олам ба ин ҷузъи марҳалаи тафтиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад.

Аммо Мирзо Асозода - ноиби раиси созмони адвокатҳои Тоҷикистон мегуяд, ҳуқуқу салоҳиятҳои вакилони мудофиа бо ҳар роҳу васила аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ба инобат гирифта намешавад. Оқои Асозода афзуд, ҳолатҳое мешаванд, ки ба хотири бо адвокат рубару насохтани гумонбар ва боздоштшуда, ҷойи боздошти онҳо пинҳон дошта мешавад. Ва чунин вазъият то вақте идома меёбад, ки муфаттиш ба манфиати худ гумонбарро бо ҳар васила маҷбур месозад, ба ҷиноят иқрор шуда, ба гардан гирад ва ё ҳади ақал далелеро ҷиҳати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва эъломи айб ба дасти вай гузорад.

Мирзо Асозода меафзояд: "Дар моддаҳои қонун омадааст, ки бояд адвокатҳо дар назди биноҳои суд, дар ҷойҳои муайян бо бино ва анҷоми корӣ аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ таъмин карда шавад. Вале кӣ ба доди адвокат мерасад. Мана як чиза худатон бинед, ки танҳо дар як солҳои 2001-2002 мо адвокатҳо бештар аз як миллион сомонӣ ба мардум хизмати бепулӣ ҳуқуқӣ расонидем. Вале инро ба инобат намегиранд, на бинои кории дуруст дорем, на як шароити кории дуруст."

Вале Абдуманнон Холиқов - муовини раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон бар ин назар аст, ки агар мақомоти тафтишот аз оғози марҳалаи пурсиши нафари гумонбар вакили мудофиаро дар ҷараён нагузорад, чунин тафтиш хилофи қонун аст: "Вақте ки шахсро дастгир мекунанд, он бояд дар муҳлати 24 соат бо адвокат таъмин карда шавад. Баъди гузаштани 24 соат агар адвокат таъмин нашуда бошад, ягон хел далелҳо ба даст оварда шавад, далели овардашуда қувваи юридикӣ надорад. Вай барои ҳамин тафтишҳои мурофиавӣ ҳамааш дар ҳузури адвокат гузваронида мешавад."

Оқои Холиқов гуфт, дар сурати ғайр вакили мудофиа ва нафари боздоштшуда метавонанд, натиҷаи чунин тафтишро қабул накарда, аз болои муфаттиш ба додгоҳ шикоят баранд.

Аммо ба гуфтаи вакилони мудофиа як мушкилоти доимии дигар дар роҳи фаъолияти судманди онҳо ба ҳангоми ҷаласа ва мурофиаҳои додгоҳ рух медиҳад. Онҳо мегуянд, додрасҳо умдатан ба мавқеи номояндаи додситонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ширкат мекунад "гӯш" медиҳанд, вале ваҷҳҳо ва ё пешниҳодоту мадракоти алайҳи далоили тафтишотӣ таҳиякардаи адвокатҳоро ба эътибор намегиранд.

Вале Мирзо Каримов додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон бар ин назар мувофиқ нест: "Кадом далеле, ки дар суд пешниҳод карда мешавад, чӣ аз тарафи ҳимоя, чӣ аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ ва чӣ аз тарафи судшаванда ҳамаашро ба инобат гирифта, бо маводи дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда дар якҷоягӣ ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода мешавад. Нисбати адвокатҳо ягон далеле, ки гуянд, мо овардему вайҳо ба инобат нагирифтанд, ман ҳамчун судя чунин мешуморам, ки ин хел набояд бошад. Ҳамаи далелҳое, ки пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта шуда ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад."

Ба назари Иброҳим Кимсанов, адвокати созмони байналмиллалии мавсум ба "Контракт", дар ҳоли ҳозир шаҳрвандон ба иллати бечора ва бе таъсир будани вакилони мудофиа дар ҳалли сарнавишти афроди боздоштшуда аз хидмати онҳо кам истифода мекунанд.

Оқои Кимсанов чунин вазъиятро марбути ноогаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон медонад: "Шуури халқ, маданияти ҳуқуқи шаҳрвандони моро баланд кардан даркор. Яъне пропагандаи донишҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, ғайр аз ин моҳияти қонунро ба аҳолӣ расонидан ва ҳамин тавр ба фикри ман баъди каме вақт моҳияти ҳимоячиҳо дар ҷомеаи мо баланд мешавад."

Бар пояи маълумоти адвокатҳо агар дар кишварҳои пешқадам дар ҷараёни мурофиаҳо аз сад парвандаи ҷиноӣ ҳадди ақал 20 тои он бо саъйю талоши вакилони мудофиа сафед шавад, вале дар наваду нуҳ дар сади ҳолатҳои мушобеҳ дар Тоҷикистон прокурор пируз мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон чаҳорсад нафар расман ба сифати вакили мудофиа фаъолият дорад. Вале давлат дар баробари хидмати адвокатҳо ҳеҷ гуна ҳақро қоил нашудааст ва вакилони мудофиа рузгори худро танҳо аз ҳисоби маблағи корафтодагон таъмин мекунанд.

Ба гуфтаи вакилони мудофиа, таъйини рузи адвокат дар тақвим ҳануз ҳалли мушкилоти онҳо буда наметавонад. Ба эътиқоди адвокатҳо, танҳо қабули ҳарчи зудтари тарҳи нави Кодекси мурофиаи ҷиноии кишвар, ки бо далоили номаълум дар Маҷлиси Намояндагон тул мекашад, метавонад, нақш ва мақоми онҳоро дар ҷомеа ба таври куллӣ дигар кунад. Зеро дар ин тарҳи ҷадид ҳам мақоми прокурор ва ҳам мақоми адвокат таври дақиқ муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG