Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири нақлиёт фасодкоронро ҷазо медиҳад



Раҳматкарими Давлат



Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳани кишвар зимни як нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар мавриди ришвахорӣ ва фасод дар ниҳодҳои марбута суҳбат карданд.

Абдулҷалол Салимов вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ахиран дар матбуоти даврӣ чандин мақола дар бораи ришват ва фасод дар фурудгоҳи Душанбе нашр шудааст ва ба манзури ҳалли ин гуна масоил вазорати нақлиёт иқдомоти мушахасеро руи даст гирифтааст.

У гуфт: "Оиди поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва шикояти мардум пештар низ мақолаҳо зиёд буданд. Мо барои пешгирӣ аз фасодкорӣ дар фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан рейдҳои махсус мегузаронем дар як ҳафта чаҳор бор. Умуман камбудиҳо ҳастанд."

Зимни ин нишасти хабарӣ ҳамчунин эълом шуд, ки мактуби кушоди муҳоҷирини тоҷик дар Маскав ба унвони раиси ҷумҳур мавриди баррасӣ қарор гирфта ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирон корҳои амалӣ анҷом шудааст. Мирзо Анваров раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Мо аллакай барои овардани мусофирон аз Русия бегоҳиҳо рейси иловагӣ ташкил кардем ва баъзан тайораҳо бо ҷойҳои холӣ бармегарданд."

Дар ҳамин ҳол намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон Ҳақназар Шодиев низ афзуд, аз руи фактҳои дар номаи муҳоҷирон ҷойдошта парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад.

Ҳамчунин Ҷурахон Зоиров сардори раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт гуфт мақолаи "Рузи нав" ро таҳти унвони "Коррупсия дар фурудгоҳ" баррасӣ намуда ва бар асоси фактҳое, ки дар он оварда шудааст, як нафар корманди милисаро дар фурудгоҳ аз масъулият барканор кардаааст.

XS
SM
MD
LG