Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрузӣ Искандаров: "Ман на дуздам, на ғоратгар ва на одамкуш."



Абдуқайюми Қаюймзод

Раиси собиқи "Тоҷикгаз" мегуяд, аз мансаб барканор шудани у заминаҳои сиёсӣ дорад.

Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси барканоршудаи ширкати "Тоҷикгаз" иллати аслии барканориашро аз ин вазифа ба фаъолиятҳо ва мавзеъгириҳои сиёсии ахири худ марбут донист.

Оқои Искандаров гуфт, муҷиби барканории вай на камбуду навоқис дар кори корхонаи "Тоҷикгаз" ончунон ки дар матни қарори ҳукумати Тоҷикистон омадааст, балки ин тасмим дар заминаи сиёсӣ гирифта шудааст: "Бо имони комил мегуям, ки ман на дуздам, на ғоратгар ва на одамкуш. Манзурашон ҷиҳатҳои сиёсӣ дорад, на иқтисодӣ ва на шояд, ки хатоҳо дар кор. Дар қарор ҷобаҷогузории мутахассисон ҳам дарҷ шудааст, ҳоло он ки ман ягон мутахассиси соҳаи газро барканор накардам. Ҳар касеро, ки аз вазифа сабукдуш кардам, аз ноуҳдабароиаш буд."

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон бар асоси тафтишоти додситонии кулли кишвар Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз"- ро ба иттиҳоми бемасъулиятӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ аз кор барканор кард.

Аммо оқои Искандаров мегуяд, дар замони мудирияти вай истеҳсоли корхонаҳое, ки бо газ фаъолият мекунанд, 300 баробар афзоиш ёфта ва ҷамъоварии маблағи шаҳрвандон барои истифодаи газ аз 19 дар сади соли 1999 то 70 дар сад дар соли 2003 боло рафтааст.

Муҳаммадрузӣ Искандаров аз миёни дигар мақомот ба мисли раиси корхонаи "Нафтрасон" ва ширкати "Барқи тоҷик" далели танҳо барканор шудани худро ба интиқодоти шадиду пайвастааш аз амалкарди давлат ва фаъолиятҳои сиёсии хеш ба унвони раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Оқои Искандаров дар бораи иттиҳомоти додситонӣ алайҳи корхонаи "Тоҷикгаз" дар мавриди бастани қарордодҳои аз назари иқтисодӣ зараровар гуфт, 2 миллиону 600 ҳазор сомонии қарзҳо бар асари муфлисшавӣ ва комилан аз фаъолият бозмондани бархе аз корхонаҳо, ҳамчунин бӯҳрони иқтисодии мавҷуд дар кишвар сар задааст, на аз ношоистагиву кутоҳии вай дар кор. Оқои Искандаров афзуд, 80 дар сади мардуми Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебарад ва қарзи онон дар назди "Тоҷикгаз" ба саду даҳ миллион сомонӣ расидааст, вале чӣ гуна метавон ин маблағро аз ин фақирон ҷамъоварӣ кард.

Муҳаммадрузӣ Искандаров афзуд, ҳатто ҳукумат, ки ҷубронпулии афроди камбизоат ва имтиёдорро бояд медод, ҳамагӣ сӣ дар сади ин ҳақро пардохт мекард ва солона аз 7 то 8 миллион сомонӣ танҳо аз ҳамин ҳисоб ба "Тоҷикгаз" зарар ворид мешуд.

Маҳмадрузӣ Искандаров, ки пас аз хатми маросими худоҳофизӣ бо ҳамкоронаш дар бинои "Тоҷикгаз" бо мо суҳбат мекард, гуфт, акнун тамоми имконот ва тавоноии худро барои фаъолиятҳои сиёсӣ, тақвияти нуфузи Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҷомеа ва омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2004 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 дар ин кишвар сарф хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG