Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рузи нав" аз САҲА тақозои кумак кард



Раҳматкарими Давлат



Идораи нашрияи "Рузи нав" хостори мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳалли қазияи нашр нашудани ин рузнома шуддаст. Кормандони "Рузи нав" ба дунболи манъи нашри ин рузнома, хостори мудохилаи раиси ҷумҳур дар қазия шуда буданд.

Аммо Раҷаби Мирзо сардабири "Рузи нав" мегуяд, мақомоти ҳукумат ва раиси ҷумҳур то кунун ба номаи онҳо ҷавоб надодаанд. Аз ин хотир хостори мусоидати созмонҳои ҳуқуқӣ дар ҳалли ин қазия шудаанд. У мегуяд: "Мо имруз ба унвони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо изҳороти дигаре пешниҳод кардем, ҳамчунин ба як қатор намояндагии дипломатии як қатор давлатҳои дигар ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ қазияро дар миён гузоштем. Бовар дорем, ки онҳо ҳам рузҳои наздик бо изҳоротҳои хос баромад хоҳанд кард."

Раҷаби Мирзо гуфт, масъалаи мазкурро дар ҳузури Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон низ матраҳ кардааст ва шаҳрдор дар ҳузури у ба додситони пойтахт дастури баррасии ин корро додааст, аммо то кунун дар ин замина иқдоми амалие сурат нагирифтааст: "Зимни як вохурии хоса, ки шаҳрдори Душанбе дошт, мо масъаларо дар ҳамон ҷо мо масъаларо бо Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар миён гузоштем. Онҳо аз ҷониби худ онҳо ба прокурори шаҳри Душанбе Воҳидов супориш доданд, ки масъаларо баррасӣ кунанд. Аммо баъди вохурӣ Воҳидов гуфт, ки шумо ба унвони Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳамчун ба раиси Маҷлиси Миллӣ муроҷиат намудед ва шояд баррасии ин масъала ба уҳдаи прокуратураи генералӣ вогузор карда шавад. Яъне то ҳол мо аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ вокунишеро сари қазияи ба вуҷудомада эҳсос накардаем ва намебинем."

Дар ҳоли таҳияи ҳамин гузориш гуфта мешуд, мақомоти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби Демократ, Ҳизби Наҳзати Ислом ва Ҳизби Сотсиал-Демократ ба манзури нашрияи як баёнияи муштарак дар робита ба қазияи манъи "Рузи нав" ба машварат пардохтаанд. Бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ, боздошти нашри "Рузи нав"- ро як суйиқасди ҳисобшуда ба озодии баён ва демократия дар Тоҷикистон медонанд.

XS
SM
MD
LG