Пайвандҳои дастрасӣ

Сӣ фоизи наврасон аз таълим дур мондаанд



Сафаргул Олимӣ



Сӣ дар сади кудакону наврасони тоҷик аз таълим ва омузиш дур мондаанд, гуфтанд, иштирокдорони мизи гирде, ки бо ибтикори Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) рузи 1 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Иштирокдорони мизи гирд ин тамоюлро як мушкилоти ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуда, онро як навъи ҷабр бар кудакон донистанд.

Нушин Ёварӣ мушовири ЮНИСЕФ дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи таҳқиқоти ин созмон аз 500 кудаки пурсидашуда, 57 дар садашон ҳадди ақал як ё ду бор мавриди табъиз ва зуроварӣ қарор гирифтаанд. Сӣ дар сади кудакон аз таълиму парвариш дур мондаанд ва инро ҳам метавон як навъ хушунат нисбати кудакон талаққӣ кард: "Мутаасифона дар Тоҷикистон имруз на давлат, на ҷомеаи маданӣ, на мазҳаб, на фарҳангӣ аз кудакон ва навҷавононаш дифоъ намекунад, ҳимояти дуруст намекунад ва қурбониёни хушунат низ наметавонад, нигаҳдориву пазироӣ кунад."

XS
SM
MD
LG