Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон Бангладешро мағлуб кард



Назруллоҳи Латиф



Тими миллии футболи Тоҷикистон рузи якшанбе, 30 ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе бар тими мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 2-0 ғолиб омад. Тубҳоро ба дарвозаи ҳариф Акмал Холматов ва Юсуф Рабиев заданд.

Қаблан бозии аввали ин ду тим дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш низ бо ҳамин ҳисоб ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд.

Ба ҳамин тартиб, тими футболи Тоҷикистон тибқи ҷамъбасти ду бозӣ аз 6 холи имконпазир 6 хол ба даст оварда, марҳалаи миёндавраӣ барои дарёфти ҳаққи ширкат дар давраи мусобиқоти гуруҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2006-ро ба даст овард.

Ҳарифони тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти гуруҳӣ аз қитъаи Осиёро ФИФА муштаракан бо Конфедератсияи футболи Осиё маълум хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG