Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир дигар ба Амрико барнамегардад



Муҳаммадраҳими Сайдар



Бозор Собир, шоири муҳоҷири тоҷик, ки чанд соли ахир дар Амрико ба сар мебурд, дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон, шоми шанбе, 29 ноябр вориди Маскав шуд. Бозор Собирро дар фурудгоҳи Шереметово тоҷикони муқими Маскав истиқбол гирифтанд.

Бозор Собир гуфт, Амрикоро ба қасди Тоҷикистон тарк кардааст ва нияти бозпас рафтанро надорад. Бозор Собир ба саволи ин ки чаро танҳо баргаштед, посух дод, ки феълан духтараш ва писараш таҳсилро тамом накардаанд ва ба ҳамин хотир ҳамроҳи модарашон ва писари бузургаш дар Амрико хоҳанд монд. Вай тавзеҳ кард, ҳануз тасмими ниҳоӣ нагирифтаем, дар Амрико кӣ бимонад ва кӣ ба Душанбе биёяд.

Бозор Собир, барандаи ҷоизаи адабии давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудакӣ, пас аз зиндони яксола, дар соли 1994 Тоҷикистонро тарк кард ва пас аз як муддати зиндагӣ дар Маскав ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико куч баст.

Шоири муҳоҷири тоҷик тайи замони зиндагӣ дар Амрико дар мавзуъҳои адабиву сиёсӣ як силсила мақолоту таҳқиқоту хотирот интишор кард, ки дар маҳфилҳои гуногун муҷиби баҳсҳои доманадор гардид. Ҳамзамон дар Маскав маҷмуаи ашъори шоир бо номи "Симхор" чоп шуд. Маҷмуаи "Симхор" шомили ашъори замони зиндон аст ва нахустин ҳабсия дар адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад.

Бозор Собир дар Амрико гулчини ашъори худро бо номи "Аз "Гули хор" то ба "Симхор"" бо ороиши ҷолиб дар 16 ҷузъи чопӣ ба нашр омода кардааст ва як интишороти Маскав чопи онро замонат додааст. Куллиёт ба ифтихори 65-солагии шоир чоп хоҳад шуд. Ба зодрузи Бозор Собир 20 ноябр 65 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар Маскав баргузории як шеъри Бозор Собир дар назар аст. Пас аз анҷоми ин тадорукот Бозор Собир аз Маскав озими Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG