Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои "Рузи нав" авҷ мегирад



Абдуқайюми Қайюмзод

Масъулони ин рузнома аз раиси ҷумҳур хостаанд, ба ҳайси кафили озодии баён дар кишвар, мавқеашро дар мавриди манъи чопи нашрия рушан кунад.

Масъулини нашрияи "Рузи нав", ки рузи дуввум аст, ба нашри рузнома муваффақ намешаванд, хостори мудохилаи раиси ҷумҳур дар ҳалли ин қазия шуданд.

Раҷаби Мирзо - сардабири ҳафтаномаи "Рузи нав" бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур аз у хостааст, ба ҳайси кафили матбуоти мустақил ва озодии баён дар кишвар мавқеашро дар мавриди манъи чопи нашрия рушан кунад.

Вай мегуяд: "Ҳукумати Тоҷикистон як мавқеи номуайяниро гирифтааст. Мавқеи ниҳоии ман ҳамчун сармуҳаррири "Рузи нав" ҳамин аст, ки агар то он замоне ки ҷавоби аниқ нагирем, чопи рузномаро қатъ мекунем."

Раҷаби Мирзо ҳамчунин гуфт, давоми ду рузи пас аз манъи нашри рузнома танҳо як маротиба тавонистааст, бо Манзурхон Додохонов - раиси муҷтамаи Шарқи озод, ки ба маҳзи дастури вай чопи "Рузи нав" мамнуъ шудааст, телефонӣ тамос доштааст.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, ҷаноби Додохонов аз манъи чопи нашрия изҳори беиттиллоӣ кардааст. Аммо кормандони техникии матбааи Шарқи Озод ба масъулини "Рузи нав" гуфтаанд, танҳо бо дастури раиси матбаа наметавонанд нашрияро чоп кунанд.

Ва аммо ба назари масъулини "Рузи нав" иллати аслии манъи чопи нашрия ин аст, ки онҳо тайи чаҳор моҳи мавҷудияти худ тавонистаанд, ба ҳайси як нашрияи воқеан ҳам мустақил навоқиси ҷомеаро ошкоро бигуянд ва ҳамчунин аз фаъолияти бархе аз афроди мансабдор матолиби танқидӣ ба нашр расонанд.

Масъулони "Рузи нав" муътақиданд, ки матолиби нашрия дар доираи "Қонуни матбуот" ба нашр расидааст ва онҳо ҳамеша ин қонунро риоя мекарданд.

Ва аммо Усмон Назиров - узви Кумитаи Маҷлиси Намояндагон ва муаллифи охирин тағйироту иловаҳо ба Қонуни матбуоти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки на ҳама вақт "Рузи нав" Қонуни матбуотро муроот кардааст: "Нашрияи "Рузи нав"-ро мехонам, баъзе маълумотҳои хуб дорад, лекин бисёр навиштаҳое чоп мешаванд, ки барои ман қобили қабул нест, Қонуни матбуотро сарфи назар кардааст, дар он ҷо таҳқир ҳам буд."

Кормандони "Рузи нав" гуфтанд, дар рузи нашри шумораи навбатӣ як ҳайъати кормандони департаменти андоз бидуни огаҳии қаблӣ вориди дафтари кории нашрия шуда, ҳама асноди марбути молиёти рузномаро тафтиш карданд. Аммо ҳеҷ гуна камбуд ва нуқсеро, ки битавонад муҷиби манъи нашри он бишавад пайдо накарданд.

Исомиддин Салоҳиддинов - мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, иллати манъи чопи "Рузи нав" барояш маълум нест, вале афзуд оқои Салоҳиддинов, ҳеҷ гуна дастур ва ё супориш аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои манъи нашрияи "Рузи нав" дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол мо кушиш кардем, то аз роҳбарияти матбааи "Шарқи Озод" иллати аслии чоп накардани нашрияи "Рузи нав" - ро бифаҳмем. Раиси онро дар утоқи корӣ пайдо карда натавонистем, вале муовини раиси матбаа Умари Шерхон гуфт, аз чунин дастури раис комилан бехабар аст ва ҳаққи мусоидат ба чопи нашрияро ҳам надорад.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Конуни миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, "Рузи нав" тавонист, дар як муддати кутоҳ соҳиби мавқеъ ва хонандаи худ шавад. Оқои Қаршибоев гуфт, мушкилоти аслии нашрияҳои ғайридавлатӣ, ки умдатан аз ҳисоби чопи эълону рекломҳо, хайрияи созмонҳои байналмилалӣ ва фуруши нашрия фаъолият доранд, набуди як чопхонаи замонавии ғайридавлатист. Оқои Қаршибоев афзуд, матбааи "Шарқи Озод" моли ҳукумат аст ва ҳукумат чунин шароити мувофиқро на танҳо барои "Рузи нав", балки ба ҳар як нашрияи дигари озодандеш нахоҳад дод.

Ва аммо Раҷаби Мирзо - сардабири нашрияи "Рузи нав" дар номаи худ ба унвони раиси ҷумҳур гуфтааст, ҳатто дар сурати иҷозаи нашри "Рузи нав" аз тарафи матбааи "Шарқи Озод" то муайян шудани мавқеи раиси ҷумҳур ва дастандаркорони манъи нашри рузнома аз чопи он худдорӣ хоҳад кард. Ва дар сурати бепосух гузоштани нома, манъи чопи "Рузи нав"-ро мавқеи раиси ҷумҳур медонад.

XS
SM
MD
LG