Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Проничев ба Душанбе омаду диду рафт



Раҳматкарими Давлат



Владимир Проничев - роҳбари Хадамоти федералии марзбонии Русия бо Эмомалӣ Раҳмонов ва соир мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишвар мулоқот кардааст. Интизор мерафт, ки дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаи бознигарии созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи шароити ҳузури неруҳои русӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шавад.

Аммо генерал Проничев баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: "Мо бар ин ақида ҳастем, ки бояд муҳофизати муштарак аз марзҳои Тоҷикистонро идома диҳем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳосилоти маводи мухаддир дар Афғонистон бисёр назаррас аст ва даромад аз ҳисоби маводи мухаддир барои фаъолияти гуруҳҳои террористӣ масраф мешавад, ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва боз масоили зиёди дигаре мавҷуд аст, ки ҳамкории муштараки моро тақозо мекунад. Мо ба ин мақсад ҳадди аксари кумак бо марзбонони тоҷикро мекунем."

Аммо Владимир Праничев ба суоли хабарнигорон дар бораи мавқеъи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҳузури нируҳои русӣ дар марзҳои ин кишвар бо назардошти он ки дар созишнома омадааст, давра ба давра бояд ҳифозати марз ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шавад, гуфт: "Ин суолро аз раиси ҷумҳур пурсед беҳтар аст, вале то ҷое, ки мо суҳбат кардем, фаъолияти муштараки мо мусбат арзёбӣ мешавад. Дар созишнома ба таври мушаххас муайян шудааст, ки вогузории марз ба маҳзи омода шудани нируҳои марзбони Тоҷикистон ва бо назардошти сатҳи ин омодагиҳо сурат мегирад. Вале ин ба маънои як файсалаи техникӣ намебошад, фарз кардем, мо бихезему марзҳоро раҳо кунему биравем. Ин дар сатҳи давлатӣ баррасӣ ва ҳал мешавад."

Генерал Проничев ҳамчунин афзуд, комиссияи дуҷонибае, ки ба манзури бозбинии созишнома ташкил шудааст, ҳануз саргарми фаъолият мебошад ва то кунун дар мавриди ислоҳи ин санад ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст.

XS
SM
MD
LG