Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЧОПИ НАШРИЯИ "РУЗИ НАВ"-РО МАНЪ КАРДАНД



Раҳматкарими Давлат



Тоҷикистон баъд аз чанд соли таътил дубора таҷрибаи бастани рузномаҳои мустақилро озмоиш кард. Рузи панҷшанбеи 27 ноябр, мақомот яке аз ду нашрияи мустақили Тоҷикистон "Рузи нав"- ро ба таври ғайрирасмӣ ва номашруъ боздоштанд.

Ба гуфтаи муовини сардабири "Рузи нав", субҳи барвақти рузи панҷшанбе нахуст чанд нафаре дар либоси мулкӣ, ки худро маъмурони полиси андоз муаррифӣ карданд, вориди идораи рузнома шуданд ва асноди мавҷудро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аммо бо он ки чизе ғайриинтизор ва хилофи муқаррарот пайдо накарданд, идораи рузномаро, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, тарк гуфтанд. Вале ба ҳангоми зуҳр, дар ҳоле ки навад дар сади кори нашри рузнома иҷро шуда буд, дар сех ва ё коргоҳи чоп нашри газета манъ шуд.

Масъулони нашрияи мазкур мегуянд, намедонанд, ин кор бо дастури чӣ касе сурат гирифтааст ва талошҳои онон барои нашри рузнома то поёни рузи панҷшанбе натиҷа надодааст.

"Рузи нав" бо талоши як идда аз насли нави рузноманигорони Тоҷикистон, ки дар талотуми ҳодисот гоҳ бо устод ва гоҳ бе устод низ бидуни раҳнамо камол ёфтаанд, бунёдгузорӣ шудааст. Ин нашрия аз ибтидо бо як равиши хос ва ошкорбаёнӣ мунташир мегашт ва борҳо аз мақомот, хусусан аз Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур интиқод карда буд.

"Рузи нав" дар шумораи қаблии худ ба муносибати солгарди сессияи 16-уми Хуҷанд, ки Раҳмонов дар он ба қудрат расида буд, аз қавли як вакили парлумони собиқи Тоҷикистон таҳти унвони "Чаро Сангак Сафаров президент нашуд" навишт: "Ин як иҷлосияи воқеан ҳам ғайридемократӣ буд. Касе он ҷо сухан аз демократия намегуфт. Ин як табаддулоти давлатӣ буд ва Қасри Арбоб ҳам ба қасре, ки Ленин соли 1917 дар он табаддулот гузаронида буд, бисёр шабоҳат дорад. Аз ибтидои иҷлосияи Хуҷанд маълум буд, ки ин кушишест барои сохтани ҷомеаи коммунистӣ ва тоталитарӣ ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ва дар Тоҷикистон ҳануз сулҳ нашудааст, сулҳ иқтисоди пешрафта аст, ки Тоҷикистон онро надорад." Ин дар ҳолест, ки идеологҳои ҳукумати Раҳмонов муътақиданд, ки иҷлосияи шонздаҳуми Хуҷанд як давраи сарнавиштсозро барои Тоҷикистон оғоз кардааст.

Ин рузнома ҳамчунин зимни як назархоҳӣ аз як сокини Душанбе пурсидааст, ки агар вакили парлумон мешудед, имтиёзи киро барҳам мезадед. У гуфтааст, имтиёзоти шаҳрдор Муҳаммадсаид Убайдуллоевро, то у низ як руз аз хонаву утоқи гармаш берун биёяд, як ду истгоҳ пиёда роҳ биравад, соатҳо мунтазири маршрутка биистад ва дар хонааш мисли ман обу барқ қатъ шавад.

"Рузи нав" ба ҳамин тартиб 16 шумора нашр шуд ва мухлисони он иборат аз мардуми қишрҳои мухталиф ва ҳатто бархе аз унсурҳо дар дохили ҳукумат, мисли масъулони он умедворанд, ки ин рузнома рузе аз таърих, таърихи Тоҷикистон нашуда бошад.

XS
SM
MD
LG