Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амният омад, аммо турист не



Мирзонабии Холиқзод

Тайи 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон танҳо 5 000 сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст.

Танҳо дар 9 моҳи соли равон беш аз 5 000 сайёҳи хориҷӣ аз маконҳои тоърихӣ ва шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон дидан кардааст. Ҳафт сол қабл ҳамагӣ 700 турист ба Тоҷикистон омада буд.

Масъулини ширкатҳои саёҳии Тоҷикистон мегуянд, ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ дар кишвар соҳаи туризми дохилиро фалаҷ карда, тақрибан аз байн бурда буд. Ва танҳо дар ду соли ахир пешравиҳо дар ин соҳа бо афзоиши таваҷҷуҳи мардуми хориҷа ба Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Ба назари кормандони соҳаи туризми кишвар, иллати таваҷҷуҳи ками хориҷиён ба Тоҷикистон масоили амнияти дохили кишвар набуда, балки акнун шароити нокифояи хидматгузорӣ ва меҳмондорӣ, набуди меҳмонхонаҳо дар навоҳии куҳистон ва дар манотиқи дорои маконҳои таърихӣ мебошад. Ва сабаби дигар ва асосиро кормандони ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар он мебинанд, ки дар хориҷа Тоҷикистон ва имконоти сайёҳии он ба тари бояду шояд муаррифӣ намешавад.

Қосимҷон Ғаффоров, мудири корхонаи воҳиди "Туризм" дар робита ба мушкилоти мавҷуд дар ин соҳа мегуяд: "Имруз маълумот дар бораи Тоҷикистон дар хориҷа на он қадар зиёд аст. Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, чопу нашри матолиби тарғиботӣ ва кушодани саҳифаҳои махсус дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба фикри мо, кофӣ нест. Дуввуман, хатти парвозе, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мавҷуд ҳаст, на он қадар ба талаботи сайёҳони хориҷӣ ҷавоб мегуяд. Тайёраҳое, ки дар ин хатҳо парвоз мекунанд, замонавӣ нестанд."

Масъалаи дигаре, ки дар роҳи рушди туризм дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад, муқаррароти раводид мебошад. Ба қавли кормандони соҳаи туризм, ҳукумати Тоҷикистон барои баъзе кишварҳо давраи омодасозии раводидро кутоҳ намуда, аз як моҳ ба ду руз овард, вале ин дар ҳолест, ки кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон ташрифи меҳмонони хориҷаро бидуни даъватнома иҷоза додаанд. Оқои Ғаффоров мегуяд, дар ҳоли ҳозир як навъи махсуси раводид барои сайёҳони хориҷа дар ҳоли омода шудан аст.

Ва аммо дар чанд соли ахир равуои сайёҳон ба манотиқи шимоли кишвар, яъне ба вилояти Суғд бештар аст, зеро шароити хидматгузорӣ дар он ҷо андаке беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилоъи идораи ҷаҳонгардии Тоҷикистон, интизор меравад дар соли оянда қаламрави вилояти Бадахшон ба руи сайёҳони хориҷӣ боз шавад.

Ба назари кормандони соҳаи туризм, дар Тоҷикистон шароити ривоҷи туризми куҳ ва об ҳамаҷониба вуҷуд дорад, чунки Тоҷикистон дорои куҳҳо бо дараҳои зебо ва дарёҳои диданӣ мебошад, вале барои ҷалби меҳмонон муҳити солим ва боамн лозим аст.

Аваз Усмонов, муовини раиси ширкати туристии "Хизматрасон" мегуяд, дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон зарур аст, ки дар ин соҳа таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро биёмузад.

Гуфта мешавад, ҳануз дар Тоҷикистон чунин оморе, ки фоидаи соҳаи туризм ба буҷаи давлатро нишон диҳад, вуҷуд надорад. Дар ин кишвар ҳамагӣ 24 ширкати сайёҳию ҷаҳонгардӣ фаъолият мекунад. Дар назар аст, ки соли оянда бо пуштибонии Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ ба хотири қабули меҳмонон бо шароити замонавӣ дар шаҳри Душанбе 3 меҳмонхонаи панҷситорадор бунёд карда шавад.

XS
SM
MD
LG