Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Калиди суботи Осиёи Марказӣ дар дасти кист?



Мирзои Салимпур



Бино ба гузориши Асошиейтед Пресс, Вошингтон ба ҳукуматҳои 4 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гуфтааст, ки суботи онҳо ба эътибори интихоботҳое бастагӣ хоҳад дошт, ки қарор аст, тайи ду соли оянда дар ин кишварҳо доир шаванд. Ийолоти Муттаҳида ахиран тавассути ду дипломати баландпояаш Элизабет Ҷонс ва Лорн Кранер ба раҳбарони ҳамаи он 4 кишвар бо чунин мазмун паём фиристодааст.

Мақомоти амрикоӣ, ки дар ин бора бо хабарнигорон дар Вошингтон бидуни бурдани ном суҳбат кардаанд, мегуянд, ба раҳбарони Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки амният ва суботи онҳо аз ироаи ҳуқуқи азалии интихоботӣ ба мардуми сокини ин кишварҳо вобаста аст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, агар ҳукуматҳои минтақа ҳамаи роҳҳоро барои ислоҳот боз накунанд, гумон аст, ки дар роҳи мубориза бо таҳдиди терроризм комёб шаванд.

Аз соли 1992 инҷониб ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ тағйири раисиҷумҳур накардааст. Парлумонҳои минтақа ҳам асосан ва дар баъзе кишварҳо пурра аз тарафдорони давлат иборат буда, нақши мухолифин дар саҳнаи сиёсии Осиёи Марказӣ ҳамчунон заифу ноқис боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG