Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳо ба расонаҳои давлатӣ роҳ ёфтанд



Сафаргул Олимӣ



Барои нахустин бор аст, ки расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон аз ҷумла радио ва телевизион ба пахши барномаҳои махсус бо ширкати намояндагони аҳзоби мухталифи кишвар шуруъ намуданд.

Масъули бахши сиёсии радиои ҷумҳурӣ Амонқул Одилов рузи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси пешниҳоди Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе силсилаи мизигирдҳо ва баҳсҳои аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони масоили сиёсии кишварро шуруъ намудаанд. Дар ин барномаҳо намояндагони аҳзоб дар робита ба масоили гуногуни кишвар ақидаҳои хешро баён мекунанд.

Амонқул Одилов мегуяд, суҳбатҳои аҳзоби сиёсӣ бидуни кадом таҳрири махсус ё қайчикорӣ пахш карда мешаванд. Ва аммо намояндаи Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, назару афкори ҳизбҳо аз тариқи гуфторҳои радиои ҷумҳурӣ таҳрирхурда ва баъди ба қавли у "филтр" пахш мешаванд. Аммо бар асоси хабари масъулини ин барнома ҳануз маълум нест, ки баҳсҳои ҳизбҳо дар телевизиони ҷумҳури пахш мешавнд ё на?

XS
SM
MD
LG