Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Раҳмонов аз Ереван поён ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Субҳи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои анҷоми як сафари расмии дуруза вориди пойтахти Арманистон шаҳри Ереван шуд. Дар ин сафар уро вазири хориҷаи кишвар Талбак Назаров, вазири иқтисоду савдо Ҳаким Солиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири ҳифзи табиат Усмонқул Шокиров ва президенти фарҳангистони улуми кишвар Улмас Мирсаидов ҳамроҳӣ доранд.

Тибқи иттилоъи вазорати савдо ва иқтисоди Тоҷикистон, табодули мол миёни ин ду кишвар дар соли 2002 ҳудуди сад ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирифт, аммо натиҷаи 9 моҳи соли равон нишон медиҳад, ки байни Тоҷикистону Арманистон табодули коло аз натиҷаи соли гузашта ҳам камтар мебошад.

Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар чанд созшнома миёни вазоратхонаҳои ду кишвар ба имзо расад. Тибқи иттилоъи вазорати савдо ва иқтисод, санаде, ки байни вазорати иқтисодии ду кишвар ба имзо хоҳад расид, заминаи қонунии бунёди корхонҳои нахустини муштарак дар соҳаи шаробкашӣ хоҳад буд.

Дар нишасти матбуотии якҷояи сарони ҳарду кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели соли 2002, Роберт Кочарян президенти Арманистон ишора намуда буд, ки Арманистон дорои таҷрибаи фавқулоддаи шаробсозӣ аз ҷумла конякпазӣ мебошад ва дар ин замина мешавад, гомҳои нахустини ҳамкориро бардошт. Ва президент Раҳмонов низ дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, Тоҷикистон ҳазорҳо ҳектор боғҳои ангур дорад, ки барои содир намудани шароб ба хориҷи кишвар, метавонад аз таҷрибаи Арманистон истифода намояд.

Аммо коршиносон дар маҷмуъ сафари Раҳмоновро ба Арманистон монанд ба сафари ташрифотии оқои Кочарян ба Тоҷикистон медонанд. Ба назари онҳо, дар соҳаи иқтисод агар санадҳое ҳам ба имзо расад, вале дар татбиқи онҳо кушишҳои амалӣ зоҳир нахоҳад шуд. Зеро ин ду кишвар дар ду минтақае қарор доранд, ки роҳҳои онҳо аз масири чанд кишвар мегузарад ва табодул барои ҳарду ҷониб гарон хоҳад омад.

Бино ба иттилоъи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир Арманистон ба бозорҳои Душанбе танҳо коняк ворид мекунад. Дар замони шуравӣ Тоҷикистон ба ин кишвар пахта, қолин ва нахи пахта медод. Пас аз фурупошии шуравӣ, равобити иқтисодӣ байни ин ду кишвар тақрибан гусаста шуд.

XS
SM
MD
LG