Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон ҳатто ҳуқуқи инсони қатлшуда помол мешавад



Хиромон Бақозода

Хулосаи гузориши Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ

Бархе фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтаанд, дар Кодекси ҷиноии кишвар масъалаи ҳукми қатл ва сарнавишти ояндаи ҷинояткорони ба марг маҳкумшуда, комилан аз мадди назари депутатҳо дур мондааст.

Хабарнигори Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, Наргис Зокирова аз қавли бархе ҳуқуқшиносони тоҷик мегуяд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷасади маҳкумшуда баъди татбиқи ҳукм ба хешу наздиконаш дода намешавад ва аслан қабри чунин афрод якумрӣ пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Вай меафзояд: "Дар он як банде мавҷуд аст, ки хешовандони маҳкумшуда ҳақ надоранд, бидонанд, ки хеши онҳо дар куҷо гуронида шудааст ва ҳамчунин ҳақ надоранд, ки қабри уро зиёрат кунанд ва ё ҷисми уро ба ҷойи дигар кучонанд.

Ҳуқуқшиносони тоҷик мегуянд, ин амал нақзи ҳуқуқи инсон аст, инсоне, ки эъдом шудааст ва баъди маргаш низ дар ҳоли муҷозот қарор дорад. Ин амал, фикр мекунам, боиси муҷозоти наздикони маҳкумшудагон низ мебошад, ки ҳақ надоранд, хоки азизони худро зиёрат кунанд ва аслан намедонанд, онҳо дар кадом макон ба хок супурда шудаанд."

Наргис Зокирова афзуд, бо як зане мусоҳиб шудааст, ки шавҳари у дар тобистони соли гузашта бо иттиҳоми мушорикаташ дар гуруҳҳои террористӣ ба қатл маҳкум шудааст. Ҷустуҷуҳои ин зан нишон додаанд, шавҳараш 5 руз пеш ба маҳбаси Қурғонтеппа, макони қатли маҳбусон интиқол ёфтааст. Ва аммо баъдан, татбиқи ҳукми эъдоми шавҳарашро ин зан тасодуфан аз хешу ақрабои у танҳо баъди яку ним моҳ фаҳмидааст. Ин зан мегуяд, ба хотири се фарзандаш мехоҳад бидонад, ки падари онҳо дар куҷо ба хок супурда шудааст.

Бархе ҳуқуқшиносони тоҷик, аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, Ҷунайдулло Ибодов ва дигарон, бар ин назаранд, ки агар аъзои парлумони Тоҷикистон хостори мутобиқати Кодекси ҷиноии кишвар ба меъёрҳои башардустона бошанд, онҳо бояд ин банди қонунро низ бознигарӣ кунанд. Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегуяд, ин қонун бояд дар ин маврид арзишҳои исломии шаҳрвандони кишварро ба эътибор бигирад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки машғули воридсозии тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии кишвар мебошад, шумори ҷазоҳое, ки қатлро пешбинӣ мекарданд, аз 15 то ба 5 адад коҳиш дод, ки панҷ ҷазо барои ҷиноятҳои вазнини марбут ба терроризму тундгаройӣ, қатлу кушторро раво дида мешавад. Тағйироти ахир ҳукми қатлро нисбати занҳову ноболиғон ҳам бекор кард.

Тибқи маълумоти Созмони Амнести Интернешнл, дар соли 2001 дар Тоҷикистон 74 ҳукми қатл содир ва ҳукми панҷ нафар иҷро шудааст.

XS
SM
MD
LG