Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгари тоҷик: "Буҳрони Гурҷистон як дарс барои ҳукуматдорони дигар аст."



Мирзонабии Холиқзод

Коршиносони тоҷик такрори чунин буҳронҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сарфи назар намекунанд.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон роҷеъ ба таҳавуллоти сиёсии Гурҷистон мавқеи худро рушан накардааст, аммо коршиносони масоили сиёсӣ намояндагони аҳзоб ва таҳлилгарони кишвар ин ҳодисаи сиёсиро ба унвони ғалабаи демократияи воқеӣ бар демократияи маснуӣ арзёбӣ мекунанд.

Таҳлилгарон ва сиёсатшиносон таъкид бар он мекунанд, ки миёни Гурҷистону Тоҷикистон дар заминаи сиёсӣ умумиятҳое вуҷуд дорад, ки ин таҳаввулот ҳатман таъсире дар зеҳни мардум, чеҳраҳои сиёсӣ ва аҳзоби ин кишвар хоҳад гузошт. Аз ҷумла, агар Эдуард Шеварднадзе беш аз 20 сол дар сари қудрат буд, президент Раҳмонов бо баргузории референдум дар моҳи июн барои худаш 17 соли дигар барои ҳузур дар курсии раиси ҷумҳур имконият фароҳам овард. Тақрибан дар ҳарду кишвар имкониятҳои ба саҳнаи сиёсӣ омадани сиёсатмадорон ё лидерони ҷавон маҳдуд буд. Ва ҳарду кишвар низ аз арзишҳои демократӣ суҳбат мекарданд, аммо ба таври амалӣ аз демократияи воқеӣ пайравӣ намешуд.

Ба назари таҳлилгарони тоҷик, коррупсия ба ҳар шакле дар мақомоти баландпояи ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба таври амиқ реша дорад. Роҳбари маркази ҷамъиятии "Сивилизатсия"- и Тоҷикистон таҳлилгари сиёсӣ Латиф Ҳадязода мегуяд, қонунҳои Тоҷикистон ба гунае қабул карда ва ба референдум гузошта мешаванд, ки танҳо манофеъи як нафар ва ё як гуруҳро ифода мекунанд.

Ба қавли у, Тоҷикистон дар остонаи ду маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дорад ва ҳодисаи Гурҷистон ҳатман ба унвони як намуна ба вазъи ин кишвар таъсир хоҳад гузошт: "Ин чиз бояд як чизи хеле омузанда барои раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бошад. Ва онҳо бояд ба инобат бигиранд, вақте мардум мебинад, ки паёпай ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо ва интихоботии онҳо поймол мешавад ва дигар умедҳои мардум канда мешавад, онҳо барои ифодаи афкор ва хости худ роҳи дигареро пеш мегиранд."

Аммо бархе аз таҳлигарон бар инанд, ки Тоҷикистон намунаи таҳаввулоти Гурҷистонро 12 сол қабл шоҳид гашта буд. Ва ҳукумати наве, ки ба сари қудрат омад, ҳеҷ таъсире дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷомеаи кишвар нагузошт. Мардум бо таҳавулоти сиёсӣ натавонистанд, дар Тоҷикистон ба як ҷомеаи озоди демократӣ бирасанд.

Намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода зикр мекунад, ки кушишҳои ҳукумати феълӣ дар роҳи эҷоди маҳдудиятҳо барои неруҳои сиёсии дигар ва нагузоштани лидерони ҷавон ба саҳнаи сиёсӣ имкони такрори ҳодисаи Гурҷистон дар ин кишварро ба вуҷуд меорад: "Вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон ва яккаҳукмронии солҳои ахир дар кишвар метавонад, баъзе низоъҳову нигарониҳоро дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2005 ба вуҷуд орад."

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегуянд, тарҳи нави Қоунуни интихобот, ки барои муҳокима ба парлумон пешниҳод шудааст, ба хотири ин ки таҳрири нав ба ҳукумат хуш наёмадааст, вакилони парлумон аз баррасии он худдорӣ меварзанд. Чунин шеваи бархурд ба арзишҳои демократиро, намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо назардошти сарнавишти ҳукумати Шеварднадзе, барои ҳузури ҳукумати Раҳмонов низ як навъ хатарзо таъкид мекунанд.

Коршиноси мустақили тоҷик Қосимшо Искандаров ишора мекунад, ҳодисаи Гурҷистон таконе дар зеҳни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки онҳо тақрибан бо интихоботҳои ғайримунсифона барои худ ҳукуматҳои салтанатӣ дуруст кардаанд: "Фиреб кардани мардум як бору ду бору се бор мумкин бошад, вале агар пайваста сурат бигирад, мардум метавонад, ба як коре даст бизананд, ки ба манфиати кор ва сулҳу оромӣ дар он минтақа нахоҳад буд. Ва раҳбарони давлатҳое, ки мехоҳанд бо роҳи таққалуб дар интихобот дар сари давлат бимонанд, бояд ин чизро ба назар бигиранд. Воқеаҳои Гурҷистон бояд барои ҳама дарс бошад."

Аз суи дигар коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон таъкид бар он доранд, ки ҳодисаи Гурҷистон ки дар он сиёсатмадорони ҷавон нақши фаъол доштанд, ҷуръат ва худҷушии чеҳраҳои сиёсии ҷавони тоҷикро низ бедор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG