Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

42 эътирозгар дар Хуҷанд боздошт шуд



Маъсум Имомов



Сардори шуъбаи мубориза алайҳи терроризми идораи амнияти вилояти Суғд рузи шанбе иттилоъ дод, ки 42 тан аз ширкаткунандагони намоиши эътирозии рузи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд боздошт шудаанд.

У гуфт, боздошти ин афрод аз суи мақомоти амният ба далели бидуни иҷоза даст задан ба гирдиҳамоӣ сурат гирифтааст ва дар ҳоли ҳозир боздоштшудагон дар ҳабси муваққат қарор доранд.

Полковник Худойбердиев гуфт, гуруҳи гирдиҳамомадагон пароканда карда шуд ва ҳуввияти онҳоеро, ки боздошт шудаанд, маълум кардаанд. Ба гуфтаи вай, аксари онҳо занони сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, шавҳарон ва ё фарзандони онҳо бо иттиҳоми фаъолият дар созмони ғайриқонунии Ҳизб-ут-Таҳрир ба масъулият кашида шудаанд. Аммо се тани тдигар аз боздоштшудаҳо шаҳрванди ҳамсоякившари Қирғизистон будаанд.

Маҳмуд Худойбердиев гуфт, аҳли намоиши рузи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд аслан зидди сиёсати ҳукумати Узбакистон шиор мепартофтанд, ки таҳти пардаи мубориза бо Ҳизб-ут-Таҳрир ба таъқиби мусалмонон даст мезанад.

XS
SM
MD
LG