Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марз ва дар Душанбе ҳероин ёфтанд



Салими Аюбзод



Субҳи шанбеи 22 ноябр марзбонони рус аз як кушиши интиқоли маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон пешгирӣ кардаанд. Онҳо мегуянд, ду шаҳрванди Тоҷикистонро думболагирӣ кардаанд, ки аз ҳудуди Афғонистон 84 килограм ҳероинро интиқол медоданд. Қочоқбарон бо дидани марзбонон борро партофта фирор кардаанд ва дар қаламрави Тоҷикистон нопадид гаштаанд.

Марзбонони рус мегуянд, онҳо се бастаро дарёфт карданд, ки аз 83 килограмму 920 грамм ҳероин иборат буд.

Дар ҳамин ҳол кормандони сарраёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар умури мубориза бо ҷинояткории муташаккилона хабар додаанд, ки шабонарӯзи гузашта ду узви як шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддирро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Ҳангоми кофтуков аз манзили онҳо зиёда аз даҳ килограм ҳероин кашф шудааст.

XS
SM
MD
LG