Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Гуантанамо 11 маҳбуси тоҷик будааст



Мирзои Салимпур



Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов рузи ҷумъа ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки Душанбе аз Вошингтон озодии 8 шаҳрванди Тоҷюикистонро аз боздоштгоҳи Гуантанамо дархост кардааст. Ин 8 нафар дар шумули 11 шаҳрванди Тоҷикистон ду сол пеш дар ҷараёни маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дастгир шудаанд.

Салоҳиддин Насриддинов гуфт, мақомоти Душанбе, ки моҳи майи гузашта аз Гуантанамо дидан карда буданд, маълум намудаанд, ки аз ин 11 нафар 3 кас ғолибан бо терроризми байналмилалӣ иртибот доштаанд, аммо 8 нафари боқӣ ҳеҷ гуна робита бо созмонҳои террористӣ ва амалиёти ваҳшатафканӣ дар Афғонистон ва ҷойҳои дигар надоранд.

Дипломати баландпояи тоҷик афзуд, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як нома унвонии сафорати Амрико дар Тоҷикистон озодии ин 8 нафарро хоҳиш намуд.

Дар боздоштгоҳи Гуантанмо Амрико тақрибан 650 маҳбусро аз 42 кишвари ҷаҳон нигоҳ медорад.

Салоҳиддин Насриддинов афзуд, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон парвандаи се маҳбуси дигари тоҷикро низ ба баррасӣ гирифтаанд ва танҳо натиҷаи таҳқиқоти онҳо маълум хоҳад кард, ки оё Душанбе озодии онҳоро низ аз Вошингтон дархост кунад ё не.

XS
SM
MD
LG