Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои атрофи "Мақолаи дину ойин"



Мирзонабии Холиқзод

Як хабарнигори тоҷик "Қуръон"-ро ба "Майн Кампф"-и Ҳитлер монанд кардааст.

Раиси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Саид Аҳмадов 21 ноябр, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақолаи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" чопи Душанбе, таҳти унвони "Дардҳои дину ойин" хилофи Қонуни дини Тоҷикистон буда, метавонад ҳамзистии мазҳабҳои Тоҷикистонро хатчадор намуда, дар ҷомеа ихтилоф ба вуҷуд орад: "Албатта ин метавонад, дар байни мазҳаб ва равияҳои динӣ ихтилоф ба вуҷуд орад, ҳамчунин дар байни ҷомеа. Ва метавонад таасуби диниро бештар кунад."

Нашри ин мақола 26 сентябр дар саҳифаи "Адабиёт ва санъат" қаҳру ғазаби мусулмононро ба вуҷуд овард ва нахуст муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба он посух дод. Дар навиштаи оқои Тураҷонзода таъкид мешуд, ки муаллифи мақола Абдураҳмон Бобоев бидуни далел "Қуръон"- ро бо китоби Ҳитлер яке аз бунёдгузорони фашизм "Майне Кампф" монанд кардааст.

Ба дунболи ин дар чанд рузномаҳои дигар ба монанди "Неруи сухан","Рузи Нав","Наҷот" ва дар нашрияҳои дигар мақолаҳо ба нашр расида, муаллифи мақоларо танқид карданд, ки Ислом ва "Қуръон" - ро таҳқир кардааст. Ин навишта норозогии Шурои уламои кишвар, масҷидҳои ҷомеъ ва сафорати Эрон дар Тоҷикистонро ба вуҷуд овард.

Дар миёнаҳои ҳамин ҳафта кумитаи давлатии дини Тоҷикистон намояндагони мазҳабҳои бонуфузи Тоҷикистон рузноманигорон ва коршиносони масоили динро дар як нишаст гирд оварда, масъалаи чопу нашри чунин навиштаҳоро баррасӣ намуд.

Саид Аҳмадов - раиси кумитаи дини Тоҷикистон мегуяд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки минбаъд аз нашри чунин мақолаҳо худдорӣ карда шавад, зеро ин гуна навиштаҳо эҳсосоти мазҳабии мардумро таҳрик медиҳанд ва метавонанд, барои ҷомеаи кишвар пайомади нохуш дошта бошанд.

Оқои Аҳмадов меафзояд: "Ба рузноманигорон таъкид шуд, ки Қонуни Матбуот ва Қонун дар бораи аҳзоби сиёсиро риоя намоянд, то ин ки низоъ миёни мардуми Тоҷикистон ба вуҷуд наояд." Ба гуфтаи оқои Аҳмадов, чопи ин мақола дар "Адабиёт ва санъат" боиси баҳсҳо нисбати мазҳабҳои дигар дар саҳифаҳои матбуот шуд.

Ба назари коршиносони масоили дин ва исломшиносон, ин баҳсҳо метавонанд, дар ниҳоят ба ихтилофи байни пайравони динҳо дар Тоҷикистон боис шаванд. Дар баъзе аз масоҷиди кишвар мақолаи Абдураҳмон Бобоев мавриди маҳкуми мусулмонҳо қарор гирифта, худи муаллиф муртад эълон шудааст.

Аммо муаллифи мақола Абдураҳмон Бобоев, марди тақрибан 55-сола, рузноманигори бознишаста, собиқ корманди Радиои Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ идораи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"-ро айбдор кард, ки мақолаи уро бе ризоияти муаллиф бо ихтисор ба нашр расонданд, ки ин боиси норозигии шадиди мусулмонон шудааст: "Ман онро беимзо супорида будам, онҳо онро бе ихтиёри ман кутоҳ карда, бандҳои шеърии уро партофтанд ва бо номи ман чоп карданд."

Ва аммо баъзе аз намояндагони масҷидҳо мегуянд, гуё Абдураҳмон Бобоев дини масеҳиро қабл намуда, аз ин мавқеъ чунин мақола навиштааст ва ҳадафи у ба баҳс кашидани пайравони масеҳӣ бо мусулмонон будааст. Роҷеъ ба ҳадафи аслӣ аз навиштани ин мақола муаллифи он мегуяд: "Фикри ман фақат дар он буд, ки чаро дар ҷумҳурӣ занҳои тоҷик ба тарғиби дини масеҳӣ машғуланд ва чӣ онҳоро ба ин маҷбур месозад. Аммо маро нафаҳмиданд ва атрофи мақолаи ман шуру ғавғо бардоштанд."

Ва аммо намояндагони мазҳабҳои дигар дар Тоҷикистон мегуянд, чопу нашри чунин навиштаҳо воқеан ҳамзистии мазҳабҳоро дар ин кишвар халадор намуда, боиси ихтилофи пайравони динҳо мегардад. Ба назари онҳо баҳси илмию бунёдӣ дар масъалаи мазҳабҳо ба фоидаи ҷомеа ҳаст, аммо мақолае, ки иборат аз ғараз ва таҳқир аст ва як динро камтар аз дини дигар нишон диҳад, ҳатман ба ихтилоф мекашад.

Валерий Юшин раиси ҷамъияти русҳо, як муътақиди дини масеҳӣ дар Душанбе ба ин назар аст: "Бо оташу шамшер иҷборан як мазҳабро болои пайравони мазҳаби дигар таҳмил кунӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ ба хубӣ намеорад. Ҳар кас ҳақ дорад озодона аз мазҳаби худ пайравӣ кунад. Албатта вақте мерасад ва танҳо худо метавонад, маълум кунад, кӣ ҳақ асту кӣ гунаҳкор."

Муаллифи мақола Абдураҳмон Бобоев мегуяд, барои рушан сохтани ҳадафи аслии худ ва барои шарҳ додани вазъ як мақола дар даст дорад, вале идораи рузномаҳо аз нашри он худдорӣ мекунанд. Пас аз мулоқоти рузноманигорон ва намояндагони мазҳабҳо дар кумитаи дини Тоҷикистон навиштае дар ин мавзуъ ба нашр нарасидааст.

XS
SM
MD
LG