Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Абдуллоев: "Гирифтани қарз мушкил аст."



Хиромон Бақозода

Мусоҳиба бо хабарнигор ва иқтисоддони тоҷик дар робита ба барномаи нави Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: "Дар ҷараёни муаррифии барномаи нави қарзии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба сектори бизнеси хурду миёнаи Тоҷикистон Ричард Ҳоугланд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ин барнома барои рушди имконоти иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи аҳолии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд эълом дошт, барои тахсиси қарзҳои имтиёзнок ба сектори хусусии Тоҷикистон як барномаи 7 миллион долларии қарзҳоро роҳандозӣ мекунад. Ҳаҷми қарзҳои хурд то 10 ҳазор доллар ва қарзҳои дарозмуддат то 100 ҳазор долларо ташкил хоҳанд дод.

Аз соҳибкори ҷавон Зафар Абдуллоев, ки бо таъсиси як хабаргузорӣ ва студияи аккосӣ мехоҳад, биснеси хурди худро ба роҳ монад, гуфт, пурсидам, оё дар бораи шуруъи барномаи нави тахсиси қарзҳо чӣ андеша дорад?

Зафар Абдуллоев: "Ман дар маҷмуъ аз ин кумаки Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд истиқбол мекунам, зеро он барои инкишофи соҳибкории хурд ва умуман тиҷорат мусоидат мекунад. Бонки аврупоӣ чанд сол пеш барои "Ориёнбонк" ва "Агроинвестбонк" низ қарз ҷудо карда буд. Ин дар маҷмуъ идеяи хуб аст. Мушкили асосӣ он аст, ки Бонки аврупоӣ маҷбур аст, тавассути бонкҳои миёнарави Тоҷикистон чунин қарзҳоро дар ихтиёри соҳибкорон гузорад. Ва дар ин ҷо соҳибкорон ба мушкилоти расмиятчигӣ ва ё бюрократия ру ба ру мешаванд.

Тавре гуфтем, дар пеш чунин тарзи қарздиҳӣ вуҷуд дошт ва ман низ кушиш кардам чунин қарз бигирам, вале аз он қарзи пешниҳодӣ бонкҳои маҳаллӣ 10 фоизашро мегиранд, ки ин фоизи бузург аст. Одатан ин гуна қарзҳои имтиёзноки бонкҳои байналмилалӣ бо суди аз 2 фоиз бештар бояд дода нашавад. Вале ҳастанд ҳолатҳое, ки бонкҳои маҳаллӣ ба афроде ки воситаву хеш бо онҳо надоранд, ҳаққи фоидаи худро то 50 фоиз боло мебаранд."

Радиои Озодӣ: Ҳамон тавре ки ман аз гуфтаҳои шумо фаҳмидам, Зафар, шумо ба механизми бемамонияти гирифтани ин қарзҳо чандон эътимод надоред.

Зафар Абдуллоев: "Ман ҳамчун як соҳибкори оддӣ тарафдори чунин тарҳҳо ҳастам. Вале танҳо ҳамин чизро гуфтаниям, Бонки аврупоӣ ки мехоҳад, низоми молиявии Тоҷикистонро беҳтар кунад, ба назари ман, бояд тақсими қарзҳояшро аз аввал то ба охир назорат намояд. Вале ҳангоме ки қарз таввасути бонки миёнарав ҷудо мешавад, ҳадафи аслии тарҳи он зери суол меравад. Ва ин ҳадаф мадад ба соҳибкорони ниёзманд аст, ки як захирае ба даст оварда ба по хезанд ва корашонро инкишоф диҳанд."

Радиои Озодӣ: Хуб, ин хел ки бошад, оё худи шумо дар робита бо шуруъи фаъолияти студияи аккосии худ ният доред, ки барои дарёфти қарзи Бонки аврупои рушд муроҷиат кунед?

Зафар Абдуллоев: "Ман мехостам ин корро кунам вале ман дар гузашта бо ин мушкил ру ба ру шудам ва фикр мекунам ҳамин тавр ҳам мешавад. Ман ҳамин руз ба як тоҷири муътабари Тоҷикистон, ки дар доираҳои молӣ нуфузу таъсир дорад муроҷиат кардам, то дар гирифтани қарз бо ду фоиз аз "Агроинвестбонк" ва Бонки Амонатгузорӣ мусоидат кунад. Яъне аз ман ҳеҷ гуна пулҳои изофагӣ нагиранд ва тибқи меъёрҳои, ки созмонҳои молии байналмиллалӣ барояшон муқарар кардааст, қарз диҳанд.

Ман ба қатъият гуфта наметавонам, вале шояд касе худаш мустақим ва тибқи меъйорҳои муайняшуда гирифта бошад, вале ба ман муяссар нашудааст. Ҳисоби ман дар "Тоҷиксодиротбонк" аст, ки ба андешаи ман як бонки шафофи демократии кишвар мебошад ва ман аз кори он қаноатмандам."

Радиои Озодӣ: Зафар, дар ин суҳбат шумо ду масъаларо зикр кардед. Яке ин буд, ки дар системаи бонкҳои маҳаллӣ ва ба вижа дар масъалаи дарёфти қарз шаффофияти том мавҷуд нест, яъне шумо ҳатман бояд аз роҳҳои ғайрирасмӣ кор бигиред. Ва дигар масъалае, ки шумо ишора кардед, барои дастрасӣ ба қарзи имтиёзнок шумо аз як шахси бонуфуз дархости кумак кардаед. Шумо чӣ андеша доред, яъне бо вуҷуди фаъолияти чунин барномаҳои имтиёзноки системаҳои байналмиллалӣ ҳануз ҳам як соҳибкори оддӣ мустақилона наметавонад, фаъолияти худро танҳо дар чаҳорчуби муқаррарот ба роҳ андозад.

Зафар Абдуллоев: "Тавре гуфтам, фоизи ин қарзҳои имтиёзнок аз фоизи гузоштаи банкҳои маҳаллӣ бо назардошти бозори имруза хеле фарқ мекунад. Ва шумораи хоҳишмандони гирифтани ин қарзҳо хеле зиёд аст ва ҳамин рақобат суистифода мешавад ва ришвахорӣ дар банкҳо ба вуҷуд меояд.

Ман ҷузъиёти барномаи нави Бонки Аврупоиро намедонам, вале медонам, ки дар гузашта чунин барномаҳо вуҷуд дошт ва гирифтани қарзи онҳо осон нест. Ин мушкил на танҳо ба гирифтани қарз вуҷуд дорад, ҳатто дар гирифтани пули нақд барои корхона ва ё аз ҳисоби шахсӣ вуҷуд дорад. Масалан, дар бонк мегуянд, ки дар додани пули нақд маҳдудият доранд ва аз ин ҷиҳат ман маҷбурам ду се фоизи пули худро ба онҳо диҳам то ҳақи қонунии худро ба ман бидиҳанд."

XS
SM
MD
LG