Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболбозони Тоҷикистон шикаст хурд



Салими Аюбзод



Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Бангкок аз тарафи дастаи миллии Таиланд бо ҳисоби ҳеҷ бар як шикаст хӯрд. Дастаи Таиланд, ки дар Тошканд аз футболбозони тоҷик шикаст хӯрда буд, дар ватани худ бо шӯру шавқ ба майдон баромад ва аз пуштибонии 30 ҳазор мухлис бархӯрдор буд.

Хабарнигори "Асоссиейтед Пресс" мегӯяд, бозингари тайиландӣ бисёр пурҳаракат ва соҳиби бозӣ намудор мешуданд. Бо вуҷуди ин нимаи аввали бозӣ бе гол ба поён расид, ҳарчанд тайиландиҳо камаш панҷ бор фурсати муносиб доштанд.

Дар нимаи дуюми бозӣ рӯҳияи бозингарони тайиландӣ боз ҳам ҷангталабии бештар касб намуд ва қариб тӯли тамоми бозӣ тӯб ба бозингарони тоҷик нарасид. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ ҳуҷумкунандаи тайиландӣ Датсакон Тҳонглао дар майдони ҷаримавӣ аз тарафи ҳимоятгари тоҷик Аҳлиддин Турдиев нодуруст пешгирӣ шуда, афтод ва зарбаи ҷаримавӣ таъин гардид. Онро Тердсак Чайман ба нишон расонд.

Хабаргузорӣ менависад, вақте ки тӯб аз дарвозабони тоҷик Аслиддин Ҳабибуллоев гузашта ба тӯри дарвоза бархӯрд, стадион аз фиғони мухлисони тайиландӣ гӯё таркид. Дастаҳо боқимондаи бозиро низ дар ҳоли ҷангҷӯёна идома доданд, вале ҳеҷ тарафе ба гол ноил нашуд.

XS
SM
MD
LG