Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон соҳиби як қонуни нави дигар шуд



Мирзонабии Холиқзод



Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ, 19 ноябр, тарҳи Қонун дар бораи гардиши маводи таркандаи ғайринизомиро ба тасвиб расонид. Ин барои нахустин бор аст, чунин як қонун дар Тоҷикистон қабул гардид.

Вакили кумитаи Маҷлиси Намояндагон Мусаммир Ғафуров мегуяд, дар ҷараёни баррасии ин тарҳ депутатҳо 4 соат баҳс намуданд ва азбаски ин тарҳ як роҳе барои мубориза ба терроризм мебошад, вакилон якдилона ба қабули он овоз доданд. Ба назари у, ин қонун бештар барои таъмини амният дар кишвар ва хусусан дар роҳи ҷилавгирӣ аз истифодаи маводи мунфаҷира барои аҳдофи террористӣ муҳимаст.

Ба қавли вакилони Маҷлиси Намояндагон, дар солҳои ҷанги дохилӣ миқдори зиёди аммонал ё маводи мунфаҷирае ки барои сохтмони Роғун бояд истифода мешуд, ба дасти гуруҳҳои мусаллаҳи худсар афтод, ки дар баъзе минтақаҳо барои аҳдофи худ истфода намуданд.

Тарҳи ин қонун аз ҷониби Кумитаи давлатии назорат бар бехатарии корҳо дар саноат омода шуда, ба парлумон пешниҳод гардида буд. Раиси ин кумита Аюб Алиев мегуяд, дар ҳоли ҳозир танҳо як корхонаи истеҳсоли маводи мунфаҷира дар Исфара фаъолият дорад ва маводи он барои соҳаҳои роҳсозӣ нақбканӣ, куҳканӣ ва дар соҳаҳои дигари саноати кишвар истифода мешавад. Вале то кунун заминаи қонунии назорати он ва меъёри ҳуқуқии истифода аз он вуҷуд надошт.

XS
SM
MD
LG