Пайвандҳои дастрасӣ

Бахтиёр Худойназаров филми нав мегирад



Муҳаммадраҳими Сайдар



Коргардони синамо Бахтиёр Худойназаров ба наворгирии филми нави худ бо номи "Моҳии Зинда" шуруъ мекунад.

Дар ин бора ҳамоҳангсози тарҳҳои ширкати филмбардории "Мосфилм" Олег Агранский ба Радиои Озодӣ дар Маскав иттилоъ дод ва гуфт: "Гуруҳи Бахтиёр дар ҳақиқат ба сохтани филми "Моҳии Зинда" пардохтааст. Моҳии зинда дар ривоёти мардуми Ҳинд баръакси моҳии мурда ҳамеша алайҳи ҷараёни об шино мекунад ва ин ном аз ҳамин ривоятҳо маншаъ мегирад."

Олег Агранский ҳамзамон ташреҳ кард, ки филми "Моҳии Зинда" саргузашти духтари аврупоист, ки ба қочоқи парандагони нодир ва хазандагони булъаҷаб иштиғол меварзад. Оқои Агранский тавзеҳ намуд, филми нав низ аз бофти жанрҳои мазҳака ва фоҷиа сохта хоҳад шуд.

Ҳамоҳангсози тарҳҳои "Мосфилм" ҳамчунин хабар дод, ки дар филми "Моҳии Зинда" нақши асосии занонаро ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Людовин Сене бозӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Агранский, нақши дигари асосиро дар ин филм ҳунарпешаи шинохтаи рус Олег Янковский бозӣ мекунад. У афзуд, барои ширкат дар ин филм боз чанд ҳунарманди олмониву итолиёӣ ва фаронсавӣ даъват шудаанд.

Феълан Бахтиёр Худойназаров дар студияи "Мосфилм" охирин омодагиҳоро барои наворбардории филми нави худ бо номи "Моҳии Зинда" анҷом медиҳад.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG