Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои СМ ба Тоҷикистон 320 милён мешавад



Хиромони Бақозода



Созмони Милали Муттаҳид аз давлатҳои узви ин ташкилот даъват намуд, барои коҳиши буҳрони башарии 21 кишвари ҷаҳон дар соли 2004 3 миллиард доллар кумак ихтисос диҳанд.

Барномаи имдодии соли 2004 Тоҷикистонро ҳам дар шумули давлатҳои нёзманди кумакҳои башарӣ ном мебарад. Бино ба иттилоъи оҷонсии ОЧА, ё дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башарии СММ дар Душанбе, барномаҳои мухталифи ин созмон дар Тоҷикистон барои фаъолияти худ дар соли оянда 53 700 000 доллар дархости кумак кардаанд.

Як корманди масъули дафтари ОЧА дар Душанбе оид ба маблағи умумии кумакҳои барномаҳои СММ ба Тоҷикистон дар тули 10 соли ахир чунин иттилоъ дод: "Шуруъ аз соли 1994 то 2004 ба маблағи умумии 320 500 000 доллар кумак ворид шудааст. Ин маблағ дархости оҷонсиҳои Созмони Милалро барои соли 2004 ҳам дар бар мегирад, ки дар ҳаҷми 53 700 000 доллар аст. Ин пешниҳодро мо, ки аз суи оҷонсиҳои СММ ва ҳамчунин баъзе созмонҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ таҳия шудааст, муддате қабл ирсол намудем."

Бино ба иттилоъи дафтари рушди СММ дар Душанбе, ҳар як оҷонсии ин созмон маблағи дарёфтшударо баъдан мутобиқи ҳадафҳояш масраф хоҳад кард. СММ аз ҷумла дар барномаҳои беҳдоштиву маориф, дифоъ аз ҳуқуқи башару демократия ва пуштибонӣ аз занону кудакон дар Тоҷикистон саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG