Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моҳии Зинда"-и Бахтиёр Худойназаров



Муҳаммадраҳими Сайдар

Филми нави коргардони тоҷик дар студияи "Мосфилм" ба навор бардошта хоҳад шуд.

Коргардони синамо Бахтиёр Худойназаров ба наворгирии филми нави худ бо номи "Моҳии Зинда" шуруъ мекунад.

Дар ин бора ҳамоҳангсози тарҳҳои ширкати филмбардории "Мосфилм" Олег Агранский ба Радиои Озодӣ дар Маскав иттилоъ дод ва гуфт: "Гуруҳи Бахтиёр дар ҳақиқат ба сохтани филми "Моҳии Зинда" пардохтааст. Моҳии зинда дар ривоёти мардуми Ҳинд баръакси моҳии мурда ҳамеша алайҳи ҷараёни об шино мекунад ва ин ном аз ҳамин ривоятҳо маншаъ мегирад."

Олег Агранский ҳамзамон ташреҳ кард, ки филми "Моҳии Зинда" саргузашти духтари аврупоист, ки ба қочоқи парандагони нодир ва хазандагони булъаҷаб иштиғол меварзад. Оқои Агранский тавзеҳ намуд, филми нав низ аз бофти жанрҳои мазҳака ва фоҷиа сохта хоҳад шуд.

Ба эътиқоди синамошиносон, омезиши фоҷиа ва мазҳака дар синамоофарии Бахтиёр аввалият касб кардааст ва у андешаҳои худро дар чаҳорчуби ин ду жанр беҳтар бозгу карда метавонад. Ҳамоҳангсози тарҳҳои "Мосфилм" ҳамчунин хабар дод, ки дар филми "Моҳии Зинда" нақши асосии занонаро ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Людовин Сене бозӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Агранский, нақши дигари асосиро дар ин филм ҳунарпешаи шинохтаи рус Олег Янковский бозӣ мекунад. У афзуд, барои ширкат дар ин филм боз чанд ҳунарманди олмониву итолиёӣ ва фаронсавӣ даъват шудаанд.

Аммо дар робита ба нақшофарии бозигархонуми фаронсавӣ дар филми нави Бахтиёр рузномаи "Новие Известия"-и чопи Маскав дар сарлавҳаи як гузориш навишт, ки "Режиссёри қазоқ дили ситораи кинои Фаронсаро ба даст овардааст."

Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр Худойназаров аз ҳунармандони муҳоҷири тоҷик аст, вале филми охиринаш - "Шик" -дар Олмон ва Ҷопон ҳамчун филми русӣ барандаи ҷоиза шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Бахтиёр Худойназаров зодаи Тоҷикистон ва парвардаи Донишгоҳи Олии Ҳунарии Маскав буда, аз ибтидои солҳои 90 дар Олмон ва Русия ба сар мебарад.

Замони баланди парвозҳои ҳунарии Бахтиёр низ мапҳз ба замони ҳузури у дар ин ду кишвар бастагӣ дорад. Филмҳои то кунун офариждаи Бахтиёр Худойназаров - "Братан", "Қош ба Қош", "Падари Маҳтобӣ" ва "Шик" - аз суи алоқамандони синамо хуш пазируфта шуд.

Коршиносони синамо фаъолиятҳои коргардонии Бахтиёр Худойназаровро тавсиф мекунанд. Маҷаллаи "Кино-Экспресс"-и чопи Маскав тайи як гузориши густурда навиштааст, ҳар кӣ филми "Братан"-ро надидааст, вай дар бораи Бахтиёр Худойназаров чизи шоистае намедонад.

Бахтиёр Худойназаров аз ҷумлаи садҳо синаомофарони тоҷик аст, ки феълан барои рушди санъати синамои Русия заҳмат мекашанд. Ба гуфтаи Валерий Аҳадов, яке дигар аз коргардонони муҳоҷири тоҷик дар Маскав, дар китоби нави аъзои Иттиҳоди синамогарони Русия ҳунармандони тоҷик аз нигоҳи шумора дар ҷойи чорум ё панҷум қарор доранд, аммо табақаи чорум бинои "Мосфилм" "Тоҷикфилм"-и дигар аст.

Феълан Бахтиёр Худойназаров дар ҳамин студияи "Мосфилм" охирин омодагиҳоро барои наворбардории филми нави худ бо номи "Моҳии Зинда" анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG